Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе

Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс

760
(Таҷдидшуда 10:52 12.07.2019)
Дар Душанбе пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Сино навсозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пиёдароҳ ва пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Синои шаҳри Душанбе навсозӣ мешавад. Дар ин бора агентии давлатии Ховар хабар дода, афзудааст, ки равшанидиҳии хиёбони мазкур низ ба таври муосир ба роҳ монда мешавад.  

Лоиҳаи бозсозии пули мошингузари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе
Акс аз саҳибафи фейсбукии Архитектураи Душанбе
Лоиҳаи бозсозии пули мошингузари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе

 Ба иттилои манбаъ лоиҳаи иншооти мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 8 майи соли равон аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз" таҳия  гардидааст.

Лоиҳаи бозсозии кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Акс аз саҳифаи фейсбукии Архитектураи Душанбе
Лоиҳаи бозсозии кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Лоиҳаи номбаршуда аз ҷониби ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" татбиқ мегардад.

Тибқи қарори марбута  ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба  корҳои сохтмонӣ  оғоз менамояд. Дар асоси ин қарори Раиси шаҳр, ҷамъияти мазкур баъди анҷоми  корҳои сохтмонӣ иншоотро барои мавриди истифода қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи бозсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
акс аз саҳифаи фейсбукии Архитектураи Душанбе
Лоиҳаи бозсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Дар қарори номбаршуда омадааст, ки Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ  ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе" дар раванди корҳои сохтмонӣ бо ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба хатҳои муҳандисии мавҷуда мусоидат намояд.

760
Барчаспҳо:
акс, бозсозӣ, пул, Душанбе