Железная дорога, архивное фото

КВД "Роҳи оҳан" бо БАОР ва "KazakhExport" созишнома имзо намуд

59
(Таҷдидшуда 11:56 12.07.2019)
Бар асоси созишҳои ҳосилшуда, БАОР дар гуфтушунидҳои КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат иштирок ва баҳри татбиқи онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани"-и Тоҷикистон бо Бонки авруосиёии рушд ва ширкати содиротии суғуртаи "KazakhExport"  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии БАОР.

Бар хабари манбаъ, ҷонибҳо ният доранд, баҳри амалисозии лоиҳаҳо  дар бахши зербинои нақлиётӣ ба ҳамкориҳо ривоҷи бештар диҳанд.

"Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории дарозмуҳлати судманд барои тарафайн манфиатдоранд, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иншооти зербинои нақлиёти Қазоқистону Тоҷикистон бо истифода аз маҳсулоти ширкатҳои содиротии Қазоқистон нигаронида шудааст", - омадааст дар хабар.

"Имзои созишномаи сеҷониба марҳилаи нав барои ҳамкории минбаъдаи муваффақона аст. Умедворем, ки талошҳои мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд", - қайд кардааст муовини раиси Раёсати БАОР Амонгелдӣ Исенов.

Бар асоси созишҳои ҳосилшуда, БАОР дар гуфтушунидҳои КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат иштирок ва баҳри татбиқи онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Тӯли 5 моҳ дар Тоҷикистон ҳудуди 32,6 миллион тонна коло ҳамлу нақл шуд.

59
Барчаспҳо:
БАОР, созишнома, роҳи оҳан