Арест, архивное фото

Рӯдакӣ: мошиндузд боздошт шуд

332
(Таҷдидшуда 11:59 12.07.2019)
Кормандони милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони дуздии мошин, марди 26- солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалиёти дуздии мошинро ошкор карданд,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, ки ба мақомоти милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат кардааст. Ба қавли ӯ санаи 10 июли соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Спринтер”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта буд, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум рафтааст. 

Боздошти мошиндузд дар шаҳраки Ғарм: Мерседесро рабуд аммо дур нарафту ба садама дучор шуд

Дар натиҷаи доир намудани корҳои ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкурро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд. 

Мошиндуздӣ дар Душанбе: мошинро рабуду ба дарвоза бархӯрд

Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом дорад.

332
Барчаспҳо:
дастгир, дуздӣ, мошин, Рӯдакӣ