Дар Душанбе сохтмони Театри миллӣ аз сар гирифта шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМесто строительства Национального театра РТ. Архивное фото
Место строительства Национального театра РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони Театри милли Тоҷикистон, дар шафати Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами давлатии Тоҷикистон, то соли 2021 ба анҷом мерасад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе сохтмони Театри милли Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад.

Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои сохтусоз дар Душанбе барои як метр сохтмон то 23,3 доллар пардохт мекунанд

Дар ин бора агентии "Авеста" бо такя ба манобеяш дар Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки қаблан сохтмони театри мазкур бинобар дучор шудан ба мушкилоти молӣ ба таъхир афтода буд.

Манбаъ мегӯяд, маблағ барои корҳои сохтмонии Театри миллӣ, тибқи нақша ҷудо карда мешавад.

Хароҷоти умумии маблағ барои сохтмони Театри милли Тоҷикистон беш аз 71 миллион доллари амрикоӣ ҳисобида шудаст. Сохтмони бинои ин театр дар шафати Осорхонаи миллӣ ва Боғи Парчами давлатии Тоҷикистон  қомат меафрозад.

Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 15 дар сад коҳиш ёфтааст

Ширкати “Сирдарё” сохтмони театри мазкурро ба ӯҳда гирифта, ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ ин ширкатро аз пардохти андоз озод намудаст.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмонҳо қиматтар мешаванд? қарори нави Рустами Эмомалӣ

Интизор меравад, ки корҳои сохтмонии Театри милли Тоҷикистон, соли 2021 ба анҷом бирасад.

Гуфта мешавад, театри мазкур ҳафтқабата шуда, барои аз 1000 то 2500 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудаст.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони театри мазкур ҳанӯз соли 2015 оғоз гардид, аммо баъди чанде, бинобар ба мушкили пулӣ дучор шудан, сохтмони он ба таъхир андохта шуд.

Баъди даъвои Рустам Эмомалӣ: ВУД аз боздошти мудири "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод

Он замон вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошта буд, ки дар ҷумҳурӣ чанд масоили дигари муҳимтар пайдо шуданд ва қисмати беши захираҳои пулӣ барои ҳалли онҳо равона шуд.

Лентаи хабарҳо
0