Шаҳри Бӯстон ҳам дорои маркази савдои “Корвон” шуд

Обуна шудан
Фахриддин Алиев, соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Бӯстон маркази савдои “Корвон-Плаза” бунёд кард

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Фахриддин Алиев, соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Бӯстон маркази савдои "Корвон-Плаза"-ро сохта ба истифода дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, маркази савдои "Корвон-Плаза", ки аз ду ошёна иборат аст, дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ҷойгир шудааст.

Дуздии 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ - Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори “Корвон-Сити” ноболиғ аз дохили мағоза 20 ҳазор сомонӣ дуздиааст

“Иншооти мазкур ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Алиев бунёд гардида, дорои 50 мағозаву дӯкони фурӯши маҳсулот мебошад”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" роҳбари гуруҳи корӣ доир ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, дар марҳилаи аввал дар маркази савдо 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд гашт. Дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият намудани марказ то 300 нафар метавонанд дар он ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гарданд.

Лентаи хабарҳо
0