Генпрокурор РФ Юрий Чайка, архивное фото

Муроҷиати Раҳмон ба Чайка: нафароне, ки ҳуқуқи тоҷиконро нақз карданд, ҷазо дода шаванд

558
(Таҷдидшуда 14:36 16.07.2019)
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамтоии русиаш Юрий Чайка муроҷиат кардааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ даст доштанд, ҷазо дода шаванд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik.  Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия барои тафтиш ва ҷазои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар нақзи ҳуқуқшаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, дархост ирсол намудааст.  

Додситони кулли Тоҷикистон аз Юрий Чайка хоҳиш намудааст, ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

“Пас аз дидани аксҳо дар интернет Прокуратураи генералӣ ҳамон лаҳза ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия мактуб омода карду фиристод. Дар мактуб хоҳиш карда шуд, ки нисбати он кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон чунин рафтори ғайри инсониро роҳ доданд чораҳои зарурӣ андешанд”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон.   

Ёдрас мешавем, ки Аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори гуштингири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Қаблан дар шаҳри Маскав 4 шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир кардаанд.

Чуев, устоди варзиш дар гуштини юнониву румӣ шаби 7 июн, соати тақрибан 23 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишгари 34-соларо ба кӯл партофтаанд.

Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишгар дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Убайдуллоев дар бораи боздошти тоҷикон дар Маскав: ҳам сафорат пайгирӣ дораду ҳам маҷлис

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия низ эълон намуда буд, ки масъалаи боздошт ва рафтори бади кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони ҷумҳуриро зери назорат гирифтааст.

Сафорат аз мақомоти расмии Русия даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо пайгирӣ намуда, аз ҷараёни он дақиқан маълумот диҳанд. Ҳамчунин дархост карда шуд, ки ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар рафти боздошти шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба қазияи куштори варзишкор дар Маскав ва дар ин робита боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дахл кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд.

558
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, мактуб, Русия, дархост, Юрий Чайка, Юсуф Раҳмон, додситон, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

73
 Ҷанозаи Гулназар Келдӣ, Шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ба хонааш оварда, сипас ба қабристон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.

"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба ин манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Куҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

73
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Низом Қосим
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

63
(Таҷдидшуда 18:39 13.08.2020)
Гулназар Келдӣ шоири маруфи Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон имрӯз дар синни 75 - солагӣ ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Охирон шеъри, ки шоири шаҳири Тоҷикистон Гулназар Келдӣ навишта буданд ин "Сад дод аз ту, коронавирус" мебошад.

Шеъри мазкур замоне, ки ин маризӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифта буд, эҷод гардида, дар рӯзномаи "Тоҷикистон" мунташир шуд.

Шоири акнун марҳуми тоҷик, аз бурузи маризии сироятии коронавирус сад доду дареғ гуфтааст.

Ба навишта ӯ, замони авҷи ин маризӣ бунёди ҳар кор зеру забар шудааст. Касе дасти нафари дигарро намефишорад, хонаводаҳо мотамзада шудаву хомӯшӣ дар ин оилаҳо ҳукмфармост.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Зимнан, бар хабари расонаҳо худи Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида буд ва бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз, ахиран 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
63
Барчаспҳо:
шеър, Гулназар Келдӣ