Пустое кресло

Қосим Роҳбар боз дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт: сабаб иҷрои супоришҳо будааст

2122
(Таҷдидшуда 17:04 16.07.2019)
Сабаби ҳузр надоштани Қосими Роҳбар дар нишасти матбуотӣ иҷрои супоришҳои зиёд будааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Сабаби ҳузур надоштани раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон Қосим Роҳбар, дар нишасти матбуотӣ супоришҳои зиёду муҳим мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Исмоилзода Ёқуб Борон муовини раиси Кумитаи рушди маҳал.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз рӯзноманигорон зикр намуданд, ки Қосим Роҳбар тақрибан давоми ду соли фаъолияташ дар ин мақом, ҳеҷ боре дар нишастҳои матбуотӣ, ки бо фармони раисҷумҳур  баргузор мегардад иштирок накардааст.

Аммо Исмоилзода Ёқуб Борон, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, гуфт қаблан Қосим Роҳбар барои ВАО нишасти матбуотӣ баргузор намуда буд ва шахсан дар он иштирок намуд.

“Ҳоло ба сабаби супоришҳои зиёд раис дар нишасти матбуотӣ ҳузур надорад. Чӣ саволе бошад мо омода ҳастем ҷавоб диҳем”,- шарҳ дод Исмоилзода Ёқуб.

Ёдрас мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон аз аввали ҳафтаи оянда, 15 июл оғоз гардида, то 2 август идома меёбанд.

Роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 маълумот медиҳанд.

Тибқи супориши раисҷумҳури Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

2122
Барчаспҳо:
сабаб, Душанбе, нишасти матбуотӣ, Тоҷикистон

Парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе: 122 мусофир вориди Тоҷикистон мешаванд

25
Парвози махсус дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифта, 122 мусофир озими Тоҷикистон хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Интизор меравад, имрӯз 13 - уми август аз шаҳри Машҳади Эрон парвози махсус ба Тоҷикистон анҷом ёбад, хабар медиҳад Парс тудей.

Ба иттилои манбаъ, парвози махсус бо ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон ва бар асоси меъёрҳои шадиди тандурустӣ анҷом мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Гуфта мешавад, қаблан сафорати Тоҷикистон дар Эрон хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистонро номнависи карда буд.

"Дар парвози имрӯз ҳудуди 122 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон озими Душанбе ҳастанд, ки дар идома бо ҳамин парвоз шаҳрвандони эронии сокини Тоҷикистон ба ватанашон боз хоҳанд гашт.

Дар пайи шуюи вируси корона парвозҳои мамулии миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон қатъ шуда ва дар ин охир танҳо ду парвози ихтисосӣ миёни ду кишвар анҷом шуда, ки инак парвози севвум дар роҳ аст.

Қарор аст, парвози оянда дар масири Машҳад ба Душанбе ва баръакс рӯзи  3 -юми сентиябр сурат гирад.

25
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

633
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

633

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

0
Кишварҳои ИДМ дар бораи омода будани барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Русия хабар додаанд. Коршиносони Русия тахмин мезананд, ки кай Русия осмонашро мекушояд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.  Расонаҳо Русия хабар медиҳанд, ки Русия ба наздикӣ шояд бо кишварҳои ҳамсояаш парвозҳои мунтазамро барқарор кунад.

Сабти номи ваксинаи коронавирус ва ба эътидол омадани вазъи COVID-19  дар Русия ва кишварҳои ҳамсоя метавонанд омили барқарор гардидани парвозҳо шаванд.

"Бо ҳамин далелҳо Қазақистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон аз аввал дар рӯйхати 30 кишварҳое буданд, ки Вазорати нақлиёти Русия барои барқарор кардани парвозҳо бо ин кишварҳо тартиб дода буд. Феълан, барои оғози парвозҳои мунтазам бо ин кишварҳо замина ҳаст", - хабар додааст, як манбаъ аз вазорати нақлиёти Русия.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия менависад, ки эҳтимоли ғолиб санаи барқароршави парвозҳои мунтазам 1 сентябр бошад.

Коршиносон дар бора расман пас аз 20 август шояд хабар диҳед.

 

0