Туркия ба Тоҷикистон 200 миллион доллар додааст

© © Sputnik / Амир ИсаевФлаги Турции и Таджикистана
Флаги Турции и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар Тоҷикистон наздики 90 ташкилоту корхонаҳои туркӣ фаъолият мекунанд, ки дар амалӣ намудани беш аз 50 лоиҳаҳои муштарак дар ҷумҳурӣ саҳм доранд

ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Саҳми сармоягузории давлати Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон назаррас аст. Ин нуқтаро сафири фавқуллодаи Туркия дар Тоҷикистон Али Рифат Кёксал изҳор намудааст.

Город Стамбул - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии инконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Туркия

Ба гуфтаи сафир, Туркия ба маблағи 200 миллион доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намудааст.

Ба изҳори ӯ, маблағҳои мазкур барои амалӣ намудани чанд лоиҳа , аз қабили сохтмони корхонаи нӯшокиҳои ғайримашруботии Coca-Cola дар Тоҷикистон масраф гардидааст.

Рифат Кёксал қайд намуд,ки Туркия дар феҳрасти кишварҳое, ки ба Тоҷикистон сароягузорӣ мекунанд, пас аз Чин дар мақоми дувум қарор дорад.

Сипоси Туркия ба Тоҷикистон дар мавриди Гюлен ва мақсади миллиарддолларии Раҳмону Эрдуғон

Гуфта мешавад, айни замон дар Тоҷикистон наздики 90 ташкилоту корхонаҳои туркӣ фаъолият мекунанд, ки дар амалӣ намудани беш аз 50 лоиҳаҳои муштарак саҳм доранд.

Туркия, Қазоқистон, Узбакистону Афғонистон - кишварҳои аслии содироти Тоҷикистон

Танҳо маблағи лоиҳаҳое, ки аллакай дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, 600 миллион доллар бароварда шудааст, қайд намуд сафири Туркия дар Тоҷикистон.

Гузашта аз ин, сафир зикр намуд, ки соли гузашта аз Туркия беш аз 41 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дидан намуданд. Ҳамзамон беш аз 6 ҳазор шаҳрвандони туркӣ низ озими Тоҷикистон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0