Заключенный. Архивное фото

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои шиканҷаи шавҳараш ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кард

258
(Таҷдидшуда 13:57 18.07.2019)
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаитро қабул намуда, барои баррасӣ ба додситонии кулли тоҷикистон равон кардааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шикоят бурдааст,ки шавҳараш дар зиндон шиканҷа шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, дар давоми шаш моҳи соли равон ба дафтари марказии ваколатдори ҳуқуқи инсон 4 шикоят дар хусуси шиканҷаи эҳтимолӣ ворид гардидааст, ки яке аз ин шикоятҳо аз Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит будааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, мо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва вакили мудофеа ба муассисаҳои ислоҳӣ рафта, ҳолатҳои мазкурро таҳти санҷиш қарор додем.

“Мо ба муассисаҳои ислоҳи рафта дидем, албатта бисёри ҳолатҳо тасдиқи худро наёфтанд”, - гуфт Бобозода.

Дар ҳамин ҳол, Умед Бобозода таъкид намуд, нисбати се ҳолати дигар ҳомиии ҳуқуқ ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намудааст.

Вай зикр намуд, Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, шикоят кардааст, ки нисбати шавҳараш, ки дар муассисаи ислоҳӣ қарор дорад, шиканҷа истифода шудааст.

ВАО: боздошти аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ дар Тоҷикистон

“Муроҷиати мазкур аз ҷониби ваколатдори ҳуқуқи инсон қабул шуд ва ба прокуратураи генералӣ пешниҳо шуд ва ҳоло ҳолати мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад”,- қайд намуд ҳомии ҳуқуқи инсон.  

Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳамроҳи 13 тан аз аъзои раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб бо ҷурми терроризм ва даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ боздошт ва баъдан барои як умр равонаи зиндон шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Юсуф Раҳмон, Додситони Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди тақозои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, Зайд Саидов ва Маҳмадалии Ҳаит аз зиндон озод нахоҳанд шуд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон ва  Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ҷиноятҳои вазнин содир карда ва дар доираи қонунҳои кишвар муҷозот шудаанд.

Додситонии кулл: алайҳи Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

Вай таъкид кард, аз ин лиҳоз ин ду нафар ба ҳеч ваҷҳ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод намешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар охири моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кули кишвар ҲНИТ-ро ҳизби экстреместию террористӣ дониста, фаъолияти онро дар ҷумҳурӣ манъ кард. Суҳбатҳо дар мавриди маҳбусони сиёсӣ дар ҳолеянд, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки дар қонунгузории кишвар чунин истиллоҳ вуҷуд надорад ва афроде, ки аз онҳо маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешавад, барои ҷиноёти мушаххас дар доираи Кодекси ҷиноии кишвар маҳкум шудаанд. 

258
Барчаспҳо:
ҲНИТ, Ҳомии ҳуқуқи инсон, шикоят, шиканҷа, Тоҷикистон
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

7034
(Таҷдидшуда 23:53 09.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуфро дар таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
1 / 3
дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Ба иттилои манбаъ,  бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.

"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.

Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

7034
Река Варзоб, архивное фото

Ҷаҳиши маргбор ба дарёи Варзоб: ҷавон ҳангоми оббозӣ ба санг заду фавтид

157
(Таҷдидшуда 23:46 09.07.2020)
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Варзоб андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо расидани хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.

“Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.

157

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон