Курсии холӣ, акс аз бойгонӣ

Эълони Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои ишғоли мансаби холӣ

304
(Таҷдидшуда 17:06 19.07.2019)
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ин Хадамот озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, маоши мансабии мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ин ниҳод 1 ҳазору 258 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.

Дар эълон таъкид шудааст, ки довталабон бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби мазкур мувофиқро дошта бошанд.

“Се сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ”, - аз ҷумлаи талаботи дигари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз довталабони ин мансаб мебошад.

Ин ниҳод аз довталабон даъват кардааст, ки асноди заруриро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ – 5/1, ошёнаи 6 – ум, қисми Б пешниҳод кунанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ телефонҳои 236-53-57, 236-50-26 ироа шудаанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ эълони мазкурро 18 июл нашр карда, тавзеҳ додааст, ки ҳуҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад.

Ин ниҳод дар мавриди маош таъкид кардааст, ки иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

304
Шквалистый ветер на территории Таджикистана

Боди харобкор чанд деҳоти Хатлонро бебарқ гузошт

112
(Таҷдидшуда 15:50 06.06.2020)
Деҳаҳои Бадахшон ва Деҳқонободи вилояти Хатлон бар асари вазиши боди шадид, аз дирӯз ба ин сӯ бебарқ монданд

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон аз хисороти боби шадид, ки бегоҳи дирӯз вазида буд, хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5-уми июн тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати Ҷиликӯл, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв чаппа шуд ва сокинонро аз қувваи барқ маҳрум намуд.

Ҳамчунин сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва низ бебарқ монданд. Боди шадид 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа намуд.

Манбаъ меафзояд, айни замон дар ин ҷамоатҳо аз тарафи хадамоти энергетикии ноҳия ва вилоят корҳои барқароркунӣ идома дорад ва қарор аст дар наздиктарин фурсад ҳолати ба амаломада пурра бартараф ва интиқоли қувваи барқ аз сар гирифта шавад.

112
Барчаспҳо:
барқ, бод, Хатлон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Холиқзода дар бораи ақибнишинии коронавирус дар Тоҷикистон ва фавт аз ин беморӣ гуфт

441
(Таҷдидшуда 15:17 06.06.2020)
Сарвари Бемористони Ибни Сино мегӯяд, бо назардошти омили мавсимӣ ба назар мерасад, ки ҳақиқатан вирус ақибнишинӣ кард

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Абдухалил Холиқзода мегӯяд,бо назардошти омор ва таҷрибаи кишварҳои дигар, нигаронияш аз шуюъ ва бедоди вируси куруно хеле бештар буд ва ҳарос низ дошт, ки ин муҳориба то моҳи август давом кунад ва мо ҳазорон нафар талафот диҳем.

"Фикр мекардам аз сабаби он ки вирус аз контрол хориҷ дар ҷомеа рафт, басуръат аксари одамон сироят мешаванд ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ аксариятро мегирад. Дуруст аст ки мо талафоти зиёд додем, бамаротиб зиёд аз омори расмӣ, вале боз ҳам нигаронии инҷониб хеле бештар аз ин буд, ки шукри Худо амалӣ нашуд2, - гуфтааст Холиқзода дар сафҳаи фейсбукияш.

Ӯ гуфтааст, қаблан се омилеро ки шояд ба коҳиши суръати шуюъи вирус мусоидат карда бошанд, тахмин карда буд, ки омили нигаронкунанда аз он се, хонадармонӣ буд.

“Ба андешаи ман агар ин омил аслӣ мебуд, мо дар ҳафтаи равон бояд шоҳиди муроҷиати зиёди беморони вазнин ба бемористонҳо ва маргумири бештаре мешудем. Хушбахтона ин иттифоқи бад науфтод ва муроҷиати маризони Кувид 19 ба бемористонҳо ин ҳафта низ дар ҳоли коҳиш аст”,- афзудааст табиб.

Ба андешаи ӯ дуруст аст ки як қисми одамон бо сабабҳои маълум ба хонадармон рӯй оварданд, вале таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки панҷ дарсади мубталошудагон бе ёрии тахассусӣ зинда намемонанд.

“Вале хушбахтона, воқеият бозгӯи ҳоли дигар аст, яъне дарвоқеъ муроҷиат ба бемористонҳо коҳиш ёфтааст ва аз ин бармеояд ки ба эҳтимоли қавӣ омили асосии кам шудани шуюъи вирус хонадармон набудааст”,-афзудааст раҳбари беморхонаи “Ибни Сино”.

Номбурда гуфтааст, яке аз омиле, ки дар коҳиши шуюъи вирус сабабгор шуд -омили мавсим буда метавонад.

Ба таъкиди ӯ, ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки бар асари вирусҳо хурӯҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад.

“Ҳамагон медонанд, ки бо омадани фасли гармои хушки тобистони мо зуком тақрибан нест мешавад. Шояд вируси куруно ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ кард?”,-гуфтааст номбурда.

Ӯ ҳамчунин бо нигаронӣ гуфтааст, агар вируси наҳс аз таъсири иқлим ақибнишинӣ карда бошад, тирамоҳ моро чӣ интизор аст?!

441
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Боз авҷ гирифт: сабти беш аз 2 ҳазор ҳолати нави COVID -19 дар Эрон давоми як рӯз

0
(Таҷдидшуда 17:19 06.06.2020)
Дар Эрон пас аз коҳиш ёфтани мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус, чанд рӯзи ахир мубталошавӣ ба ин беморӣ якбора боло рафт

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Эрон 2886 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад намояндаи расмии Вазорати беҳдошт Киёнуш Ҷаҳонпур.

Ба иттилои ӯ, аллакай рӯзи дуюм аст, ки теъдоди ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар як рӯз наздик ба 3 ҳазор мерасанд.

Ҳукумати Эрон рӯзи панҷшанбе аз сабти рекордии ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID -19 хабар дода буданд. Дар ин рӯз, дар сартосари Эрон 3574 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба вирус сабт гардида буд.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

Сипас ду рӯзи ахир? ин рақам рӯ ба коҳишёбӣ ниҳод,  аммо ҳамоно ба фарқ аз ҳафтаҳои қаблӣ ба маротиб зиёд аст.

Ҷаҳонпур шумораи умумии дардмандон дар Эронро ба 169 425 нафар арзёбӣ кард. Ҳамчунин теъдоди шифоёфтагонро 132 ҳазор нафар гуфт.

Бар тибқи иттилои намояндаи расмии вазорат, Эрон аз авоили бурузи ин маризӣ 8 209 беморро аз даст дод.

 

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон