Саймумин Ятимов. Архивное фото

Аз омӯзгор то генерал: Саймумин Ятимов 64 сола шуд

2756
(Таҷдидшуда 14:37 23.07.2019)
Раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов имрӯз 64 сола мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Имрӯз, 23 июл, ходими давлатӣ, дипломат, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи далатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович зодрӯз дорад.

Ятимов Саймумин соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Ятимов хатмкардаи факултаи филологияи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1977 то 1979 дар Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардааст. 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар мактабҳои миёни рақами 15 ва 10 ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор оғоз карда пасон дар вазифаҳои гуногуни раҳбарии ҳокимияти вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Урупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Урупоӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Ятимов оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

2756
Барчаспҳо:
зодрӯз, КДАМ, Тоҷикистон, Саймумин Ятимов