Новые пластиковые паспорта в Таджикистане

ВУД бо Дастгоҳи Президент масоили ба қайдгирии cимкорту ивази шиносномаҳоро баррасӣ дорад

4063
(Таҷдидшуда 18:21 24.07.2019)
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири умури дохилаи Тоҷикистон эълон дошт, ки муҳлати ивази шиносномаҳои коғазӣ ба плостикӣ тамдид хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айни замон дар ҳукумат масъалаи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳои муштариёни алоқаи мобилиро ба шиносномаи намунаи нав ба миён гузоштааст.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала  ҳозир бо Дастгоҳи иҷроияи президент дар ҳоли баррасӣ аст. Имкон дорад муҳлат тамдид карда шавад.

"Вақте ки маълум шуд, огоҳ мекунем”, - таъкид кард ӯ.

Ёдрас мешавем, моҳи феврал Ҳукумати Тоҷикистон қарореро қабул кард, ки мувофиқи он ҳамаи шаҳрвандоне, ки симкортҳояшон тибқи шиносномаи пешин сабтином шудааст, бояд ID-корт гиранд ва нав тариқи он сабтином кунанд.

Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Аммо ба гуфтаи ВУД Тоҷикистон, барои шаҳрвандоне, ки мӯҳлати шиносномаҳояшон нагузаштаву симкортҳояшон ба номи дигарон сабтином шудааст, иваз кардани он ҳатмӣ нест.

То 10 августи соли равон муштариёни ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро бояд бар асоси шиносномаҳои нав дубора ба қайд гузоранд.

Эълони ВУД Тоҷикистон дар бораи симкорт ва шиносномаҳо: аз муҳлат то маблағ

Вале ба далели он, ки навбат дар идораи милитсия барои иваз намудани шиносномаҳо зиёд аст, аммо муҳлат кам. Ба щимин далел баъзе аз сокинон аз мақомот хоҳиш намуда буданд, ки муҳлатро тамдид намоянд, то тавонанд дар ин муддат шиносномаи худро иваз намоянд.

Вазир ҳамчунин илова намуд, ки чанд рӯз қабл дар пайи муроҷиати шаҳрвандон чанд тан аз кормандони Хадамоти шиносномадиҳиро барои роҳ додан ба камбудиҳо, ҷазо додаанд.

Ба гуфти вазир, камбудиҳои аслӣ дар бахшҳои шиносномадиҳӣ бартараф шудааст ва ӯ аз зердастонаш талаб кард то бо мардум хушмуомила бошанду муроҷиати онҳоро сари вақт баррасӣ кунанд.

4063