Девушки с веером в Таджикистане

Ҳушдори обуҳавошиносон: гармии ҳаво дар пойтахт ба 43 дараҷа мерасад

85
(Таҷдидшуда 11:17 24.07.2019)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои камабри беборишу, гармро пешгӯӣ кардааст. Рӯзона дар шаҳри Душанбе 41+43 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 41+43  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

85
Барчаспҳо:
бебориш, пойтахт, Душанбе, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон