Девушки на улице в Душанбе, архивное фото

Обуҳавошиносон то 31 июл ҳавои гарм пешгӯӣ карданд

122
(Таҷдидшуда 09:40 25.07.2019)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки то 31 июл дар Тоҷикистон ҳавои гарм дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 43-45 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

122
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, Душанбе, гармӣ, Тоҷикистон, обу ҳаво
ДТП, архивное фото

Мошини боркаши “ДОЛУН” ба чуқурии канори роҳ чаппа шуд: ронанда ба ҳалокат расид

3
(Таҷдидшуда 12:07 30.05.2020)
Вазорати умури доохилаи Тоҷикистон дар бораи садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон санаи садамаи маргбор санаи 29-уми майи соли равон тахминан соати 02:30-и шаб дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” рух додааст.

Тавре манбаъ хабар додааст ронандаи мошини боркаши тамғаи “ДОЛУН”, таҳти идораи Зиёхолов Саидбек Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар 84-км аз шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёхсу аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар чуқурии канори роҳ чаппа кардааст.

ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин садама худи ронанда Зиёхолов Саидбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Қурбонов Ҷаҳонбек Шарифович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандни милитсияи ҷумҳурӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

3
Барчаспҳо:
мошин чаппа шудааст, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, шоҳроҳ, маргбор, Тоҷикистон, садама
Портфель

Вазъи вазнини Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан

101
(Таҷдидшуда 13:32 30.05.2020)
Қурбон Тӯраев, собиқ раиси Истаравшан ва вакили ин шаҳр дар Шӯрои Олии Тоҷикистон низ вахим арзёбӣ мешавад. Субҳи имрӯз бародари ӯ, сиёсатмадори маъруф Сайфиддин Тӯраев даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Султон Тӯраев, директори ширкати “Хуросони Истаравшан”, узви дигари хонадони маъруфи Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш низ рӯзҳои ахир ба вахомат гароид.

"Ҳоло он кас таҳти табобати пизишкон ҳастанд ва аз Худованд умедворем, ки ба он кас шифо диҳад”, - гуфт Султон Тӯраев.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

101
Барчаспҳо:
вазъият, раис, Истаравшан