Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард

Оғози сафари Раҳмон ба Суғд: Исфараву Ворух интизори раисҷумҳур

492
(Таҷдидшуда 10:22 26.07.2019)
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи рӯзи имрӯз Эмомалӣ  Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омад.

Автомобильная дорога, ведущая к городу Худжанду-Исфаре, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев

Тавре манбаъ зикр намудааст,  Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Инчунин дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд намудааст, ки роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид хоҳад кард, то бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос шавад.

Ёдрас мешавем бино бар иттилои баъзе аз расонаҳои хабартӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Исфара боздид карда бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар ин минтақа, дидору мулоқот хоҳад кард.

Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар ҷамоати Ворух дидор карда бо сокинони марзии ду кишвар мулоқот мекунанд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир Ворух макони баҳсҳои марзии миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон шудааст.

492
Барчаспҳо:
Ворух, Исфара, истиқбол, вилояти Суғд, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
День 1 октября

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

28
(Таҷдидшуда 16:55 30.09.2020)
Рӯзи 1 октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон, Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон ва дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура аст

Рӯзи 1 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

День 30 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Военные 201-й РВБ, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Военные 201-й РВБ, архивное фото

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
© Sputnik / Амир Исаев
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи ҷаҳонии солмандон

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад.

Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи "пиршавӣ" кумак намоянд.

1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.

Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).

Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.

Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.

Николай Детсик (1922) – коргардони театр.

Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.

Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.

Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Маҷид Салим (1959) – нависанда.

Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.

Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.

Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.

Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.

Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.

Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон.

Мавзуна Чориева

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Мавзуна тайи 29 соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" сарфароз гардонд.

Мавзуна Чориева. Архивное фото
© AP / Ivan Sekretarev
Мавзуна Чориева. Архивное фото

 

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад.

28
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

347
(Таҷдидшуда 22:19 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

347
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон