Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар марз

472
(Таҷдидшуда 14:32 26.07.2019)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар марзи ду кишвар дидор карданд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрданд. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: нахустин иқдомоти раисиҷумҳур дар марз

"Кишвардорон дар деҳоти Ворух дидор карда бо мардуми марзии ду кишвар мулоқот карданд", - омадааст дар хабарнома.

Интизор меравад, ки давоми мулоқоти сарони ду кишвар дар шаҳри Исфара ва пасон дар Чолпон-Оте идома хоҳад кард.

Мазору бозорамон як аст: Жээнбеков дар Бодканд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон меояд

Гуфта мешавад, ки барои таъмини амнияти президентҳо, аз Душанбе ба Исфара қувваҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ, равон карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 июл ба шаҳри Исфара сафар карда, бо сокинони марзии вилояти Суғд дидору мулоқот мекунад.

Оғози сафари Раҳмон ба Суғд: Исфараву Ворух интизори раисҷумҳур

Дар назар аст, ки пас аз мулоқот бо сокинон, президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон рафта аз Иссиқ-кӯл боздид менамояд.

472
Барчаспҳо:
дидор, муноқишаи марзӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (89)
Кобилчон Гиёев

Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

0
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки бо табобати ғайримаъмули “вируси корона” маъруф шуда буд, аз вазифа барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Мавсуф дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин барканорӣ дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтааст.

“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

0
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Ҷаласаи ситоди COVID-19: вазири тандурустӣ чӣ гуфт?

8
Дар нишасти ситод вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинононаш Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз нишасти навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар нишасти ситоди Вазорати тандурустӣ вазъи бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон таҳлил гардад.

Дар он вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода,  Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

"Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои президент  Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли ҷорӣ зимни вохурӣ бо кормандону роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод намуданд, ҷалб намуд", - таъкид мекунад манбаъ.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои назорати беморони гирифтори КОВИД-19, пурзӯр намудани фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ, таъмини беморхонаҳо  бо маводҳои доруворӣ ва назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазоарт дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазир шабона ба беморхонаҳо меравад: Абдуллозода ба гирифторони коронавирус худаш занг зад

 

 

8