Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в парке ЖД, архивное фото
Цветущие деревья в парке ЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 36-41 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  вазида, дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0