Ҳавои Тоҷикистон то 10- уми август тафсон боқӣ мемонад

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дамои ҳаво дар Тоҷикистон то 10- уми августи соли равон гарм боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 авг— Sputnik. Тибқи иттлиои Ожонс имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри  бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Девочка набирает холодную воду из фонтана - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор: дамои ҳаво дар Тоҷикистон то охири моҳ тафсон боқӣ мемонад!

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 21+26 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Чиро бояд донист, то аз гармӣ наҷот ёфт

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0