Шарҳи вазир дар бораи сабти ном нашудани рӯзноманигорони радиои "Озодӣ"

© Sputnik / Стас ЭтвешМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҳеч вақт радиои “Озодӣ”-ро дар кишвар намебанданд, аммо рӯзноманигоронеро, ки бар зиёни сиёсати давлат менависанд, сабти ном нахоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз зимни шарҳи мушкили сабти номи бархе аз рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” гуфт, ки биёед ошкоро суҳбат кунем, ин ҷо ягон чизи мушкилфаҳм нест.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати Радиои Озодӣ

Ӯ гуфт, бо радиои “Озодӣ” ҳамкории хуб доранд ва ҳеч вақт ин радиоро намебанданд. Вазир афзуд, аммо кормандони Радиои Озодиро, ки мақолаҳояшон кам-кам ҳам бошад зиён ба сиёсати имрӯзаи давлат дорад, сабти ном намекунанд. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ин гуруҳи рӯзноманигорон метавонанд дар дигар расонаҳо кор кунанд ва мақомот ба ин кор ягон дахолат карданӣ нестанд.

Вазири умури хориҷӣ дар идома рӯзҳои сарду шадидеро, ки Тоҷикистон паси сар карду ба сулҳи имрӯза расид, зикр намуд. Ӯ илова кард, ки Тоҷикистон дар як ҷои хеле нозук воқеъ асту чолишҳои зиёде аз қаламрави Афғонистон таҳдид мекунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар хитоб ба рӯзноманигорон таъкид кард, ки “ВАО ҳам омили рушди давлат аст, мо ба кори шумо дахолат карданӣ нестем, фақат хоҳиш мекунем, сиёсати созандагии Ҳукумат ва мардумро нашр кунед”.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Мо аз расонаҳо "секрет" надорем: раисиҷумҳур дар бораи озодии баён

Вазир афзуд, дар мавриди “Озодӣ” ҳаминро мехоҳанд, ки бисёртар ҳаёти воқеиро, ки ба фоидаи рушди давлат аст, ҳамонро дарҷ кунанд.

Ин шарҳи вазир дар ҳолест, ки гуруҳе аз рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” ба мушкили сабти ном дучор гардидаанд.

Қаблан САҲА, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қатъи парвона ё аккредитатсияи кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст." Чаҳор журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд.

Дворец Нации - Sputnik Тоҷикистон
Интернет арзон, сайтҳо кушода ва “квота” ба Узбакистон: 13 пешниҳод ба Ҳукумат

Дар ҳамин ҳол, Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радиои Озодӣ барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад

Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунад. Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки билофосила аккредитатсияи хабарнигоронро тамдид кунанд”.

Лентаи хабарҳо
0