Кумитаи ҳифзи муҳити зист: дар Душанбе то 9 август гармиву ифлосшавии ҳаво идома меёбад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисони Маркази обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдо додааст, ки аз 5 то 8 августи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, дар водиҳо ҳарорат аз рӯи меъёри муқаррарӣ то 1 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Маркази обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ин давра ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо  40 +45 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои гарм ва хушк аз нимҷазираи Араб, Эрону Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад

Тавре манбаъ қайд намудааст, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об пешбинӣ шуда, шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.

Обуҳавошиносон то 31 июл ҳавои гарм пешгӯӣ карданд

“Бо сабаби баландшавии ҳарорат Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки аз 5 то 9 август дар шаҳри Душанбе гармӣ ва афзоиши ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба моддаҳои муаллақ (чанг ) идома меёбад. Аз ин рӯ  доир ба муҳофизати аҳолӣ аз таъсири манфии гармӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон рӯзона аз гаштугузори зиёд дар қитъаҳои наздик ба шоҳроҳҳои калони нақлиётгард  худдорӣ намоянд. Чунки ба саломатӣ хавфи зиёд дошта, пеш аз ҳама ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемории фишорбаландӣ таъсири манфӣ мерасонад”,- ҳушдор додааст манбаъ.

Девочка набирает холодную воду из фонтана - Sputnik Тоҷикистон
Дӯғи хунукак, яхмосу обнӯшӣ аз фаввора: сокинони Хуҷанд "дар мубориза" бо ҳавои гарм - Акс

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки 8 августи соли равон ҳаво якбора ноустувор шуда, шиддати шамол  дар назар аст.  Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.

Шурӯъ аз даҳаи дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст шуда, дар водиҳо гармӣ ба 37-42 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар  минтақаҳои кӯҳӣ  боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ  пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд  то охири моҳ ҳавои  камабри бебориш дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0