Раҳмон ба Ховалинг рафт: сафари кории Президент ба ин ноҳия бо ифтитоҳи мактаб оғоз ёфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу "Кангурт — Бальджувон — Ховалинг"
Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон идома дорад. Зимни сафари корӣ роҳбари кишвар як зумра иншоотҳои муҳимро ифтитоҳ дорад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ва барои ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сокинон ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлатро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Таджикистан празднует День национального единства - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафар карду, дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро ифтитоҳ кард

Дар макони истиқбол Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ноҳияи Ховалинг дорои таърихи бою рангин буда, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, симои ноҳия дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст.

Раҳмон: маориф нисбат ба дигар соҳаҳо мушкилоти бештар дорад

Сипас, Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг нахуст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии Деҳоти Лоҳутии ноҳия ифтитоҳ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин мактаб суҳбати озоду самимӣ карда, иброз намудааст, ки роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли ояндасози миллат тадбирҳои муассир амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои ҷудо кардани замин ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ

“Насли наврасро зарур аст, ки аз ин ҳама имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, илмҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи сентиябри соли 2018 оғоз ёфта буд.

Мактаби кӯҳнаи деҳаи Лоҳутӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардида буд, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳукумати кишвар мушикилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумат ва саҳми шахсони ватандӯст дар як давраи кӯтоҳ ин муассисаи  таълимӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилоти фарзандони ду деҳаи Деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг пурра рафъ кард.  

Лентаи хабарҳо
0