Иштирок дар чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг

Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш: иштироки хонаводаи Президент дар консерти “Шоми Ховалинг”

3517
Шоми дирӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми Ховалинг” бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони ноҳия баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин барномаи фарҳангӣ, нахуст миннатдории давлату Ҳукумати Тоҷикистонро барои тамоми мардуми ноҳияи Ховалинг барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар баён кард.

1 / 4
Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси диёр маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.

Ҳамзамон,  Президенти кишвар ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш аз талошҳои сокинони ин ноҳияи мамлакат арзёбӣ кард.

“Сокинони ноҳияи Ховалинг аз чорабинии фарҳангии “Шоми Ховалинг”, ки бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон идома кард, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонида, дар фазои сулҳу оромии диёр бо ҳам шодию хурсандӣ намуданд”, - зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

3517
Барчаспҳо:
суханронӣ, Ховалинг, консерт, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

276
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод 45 нафарро ташкил дода буд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмуъ дар кишвар 9 ҳазору 303 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки аз шумораи умумии гирифторшудагон то имрӯз 8 ҳазору 66 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавт аз коронавирус тайи рӯзҳои охир бетағйир монда, ҳамоно 73 ҳолатро ташкил медиҳад.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

276
Машина полиции

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

301
(Таҷдидшуда 18:57 19.09.2020)
Саҳнаи дашномкунӣ ва латукӯби як ҷавон аз ҷониби ду бародар дар шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар якҷоягӣ ҷавони дигарро ҳақорат ва шадидан кӯфтанд.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ин ҳодиса нисфирӯзи 16 - уми сентябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух дод.

Бародарон Одинаев Фирӯз ва Одинаев Фаррух, ки сокинони кӯчаи Соҳилӣ мебошанд, ҳамсояи 30  солаашонро нахуст дашном дода, сипас ду каса ӯро шадидан кӯфтанд.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Аз рӯи наворе, ки ба дасти кормандони РВУД дар пойтахт расид, ҳар ду бародар боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Одинаевҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамиятӣ яке ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона шуда, дар нисбати дигарӣ, ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

301
Барчаспҳо:
ҷарима, ҳабс, ҳамсоя, латукӯб, Душанбе
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон