Сейсмограф. Архивное фото

Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро такон дод

254
Маркази заминҷунбӣ 260 километр ҷануб шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон, рух дод. Дар натиҷаи заминҷунби касе осеб надидааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон соати шаши саҳар заминҷунбии 2-3 баллӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи вай, маркази заминҷунбӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҷойгир буда, он дар километри 259-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5,7  балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

“Заминларза 20-25 сония давом намуда, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд”, — зикр намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки се рӯз пеш заминларзаи 5,1 баллӣ дар шимолу шарқи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Маркази заминҷунбӣ 44 километр дуртар аз пойтахти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод, ки ин ҷо беш аз 44 ҳазор кас зиндагӣ дорад, воқеъ будааст.

Заминларза, ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки 30 километр шарқтар аз маркази заминҷунбӣ воқеъ аст, эҳсос шуда буд.

Маркази заминларза дар чуқурии 212 километр ҷойгир будааст.

254
Барчаспҳо:
такони замин, Афғонистон, заминҷунбӣ, заминларза, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

33
(Таҷдидшуда 01:21 21.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 19 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.

 Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3385 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2077 то 12.4000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1370 то 0,1395 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.132 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1325 то 0,1415 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

33
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Пешниҳоди Расулзодаву дастгирии Раҳмон: Азим Иброҳим вазири нақлиёт вазифаи нав гирифт

228
(Таҷдидшуда 09:37 21.10.2020)
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки чанде пеш аз курсии муовини сарвазир ба ин мансаб расид, вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik.  Номбурда дар баробари, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо –Қофқоз - Осиё  (ТРАСЕКА) таъин гардид, хабар дошдааст, дафтари матбуотии вазорат.

Ба иттилои манбаъ, номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати наќлиёт аз ҷониби Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар пешниҳод гардида, аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  ин пешниҳод  ҷонибдорӣ ёфт.

Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 - Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 - Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.

Бар пояи барнома  бояд кишварҳои аъзо ба роҳҳои алтернативии рафтуомад ва интиқоли бор ба Аврупо имкон ёбанд.

Тоҷикистонро қаблан дар ин Долони байналмилалии “ТРАСЕКА” Худоёрзода Худоёр, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва қабл аз ӯ Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мекард.

228
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, сарвазир, президент, Тоҷикистон