Генерал-майор Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд

Аз 1 террорист 50-60 симкорт гирифта шуд: аз шарҳи генерал то навбатпоии дурӯзаи Турсунов

1979
(Таҷдидшуда 18:33 08.08.2019)
Генерал-майор Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд изҳори боварӣ намуд, ки сабти симкортҳо ба воситаи шиносномаҳои пластикӣ барои пешгирии ҷиноятҳо мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Генерал Қудратулло Назарзода зимни шарҳи зарурати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав, гуфт бинед имрӯз аз симкортҳо чӣ гуна гурӯҳҳои террористӣ истифода мекунанд.

“Ё аз тарафи он шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба нашъаҷаллобӣ даст мезананд. Гурӯҳҳои муташаккли дигар  пайдо шудаанд, ки барои амалишавии нақшаҳои ҷиноии худ аз симкортҳо зиёд истифода мебаранд”, -  гуфт генерал.

Сардори РВКД Тоҷикистон дар Суғд аз ҳодисаҳои солҳои пеш зикр кард, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар марзи Тоҷикистон аз якчанд симкорт истифода кардаанд.

Ӯ гуфт дар солҳои 2008-2010, қайди симкортҳо дар кишвари мо қариб, ки мавҷуд набуд, вале ба ҳангоми дастгир шудани гурӯҳҳои терористӣ дар шаҳри Исфара аз ҳар яки онҳо 50-60 донагӣ симкорт мусодира гардид.

 “Ин гурӯҳи террористон дар қатли, сардори шӯъбачаи кофтукоби ҷиноии Исфара, захмикунии нозирони минтақавии ШВКД Исфара-2 ва ШВКД Исфара-1 аз силоҳи оташфишон ва ҳам куштори якчанд нафар кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар солҳои 1994-2009 муҷрим шинохта шудаанд”, - афзуд генерал.

Назарзода Қудратулло Бобо, гуфт сабти симкортҳо тавассути шиносномаҳои пластикии дорои ID, бо дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ин тасмим барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ роҳандозӣ шудааст.

ВУД Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони қабули ин Қарори Ҳукумат буд, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд мавҷуд мебошанд, хоҳиш намуда буд, барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шӯъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВУД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Муҳлат барои сабти симкортҳо то нимаи август муқаррар шуда буд.

Зимнан дар назди шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дар шаҳру новоҳии Тоҷикистон, таҷаммӯъи зиёди сокинон ба мушоҳида мерасад, ки рӯзу соатҳои зиёд  барои гирифтани паспорти нав дар навбат истодаанд.

Абдураҳмон Турсунов, як сокинони шаҳри Истаравшан иброз намуд, ки дар супоридани ҳуҷҷат, барои шиносномаи ID, ҳамроҳ бо ҳамсараш ду рӯз дар назди идори шиносномадиҳӣ сипарӣ кардаанд.

“Одамони зиёд аз деҳоти дурдаст омада навбат истодаанд. Мо ҳам ночор то расидани навбатамон ду рӯзу як шабро дар назди идораи шиносномадиҳӣ сипарӣ кардем”, - гуфт Турсунов.

Абдураҳмон Турсунов мегӯяд, наздики даҳ сол аст, ки ду фарзандаш ба муҳоҷирати Русия мераванд ва зиндагии хонаводаи онҳо аз ҳамин роҳ таъмин карда мешавад. Дар чунин шароит ӯву ҳамсараш бо фарзандони муҳоҷирашон тариқи телефон бо ҳам ҳолпурсӣ мекунанд. Бино бар ин ба паспортгирӣ омадаанд, то симкорти телефонашонро ба қайд гиранд, дар акси ҳол аз хизмати телефонҳои мобилӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Сардори РВКД дар Суғд иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби шуъбаҳои шиносномадиҳӣ шаҳру ноҳияҳои Суғд ба 95 ҳазору 253 нафар, шиносномаҳои нав дода шудааст.

Бо ин вуҷуд аз шумори зиёди сокинони назди идораҳои шиносномадиҳӣ аён мегардад, ки ҳоло ҳазорҳо нафари дигар, барои нав кардани шиносномаҳояшон дар навбат истодаанд ва муҳлати пешбинишудаи 10-уми август, барои гирифтани ID-корт кифоят нахоҳад кард.

1979
День 20 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

8
(Таҷдидшуда 19:25 19.09.2020)
Рӯзи бистуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин рӯз аз Рӯзи соҳибкорон ҷашн мегирад

Рӯзи 20 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1802 дар Россия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.

Соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри  Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

День 18 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1917 Парлумони Канада ба модар, ҳамсар ва хоҳари аскари дар майдони ҷанг муборизабаранда ҳуқуқи овоздиҳӣ пешниҳод кард.

Соли 1992 аксарияти аҳолии Фаронса  дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.

Соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.

Рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010  Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 Сарвари давлат ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар кард.

Соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии "Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ"-ро нашр намуд.

День 15 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов дар рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон шомил шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.

Соли 2018 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ" - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
  • Дар Белорус – Рӯзи гумрукчиён.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.
  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1909-1993)  Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Ҷалол Икромӣ.

Солҳои (1916-1986)  Ҳунарманди театр ва халқии Тоҷикистон Тӯтӣ Ғафорова.

Соли 1945 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Солҳои (1946-2010) дорандаи ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Музаффар Неъматов.

Соли 1947 Профессори илмҳои иқтисодӣ Амир Катаев.

8
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

346
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод 45 нафарро ташкил дода буд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмуъ дар кишвар 9 ҳазору 303 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки аз шумораи умумии гирифторшудагон то имрӯз 8 ҳазору 66 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавт аз коронавирус тайи рӯзҳои охир бетағйир монда, ҳамоно 73 ҳолатро ташкил медиҳад.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

346