Обуҳавошиносон ҳарорат паст мешаваду тӯфони чангу ғубор ба амал меояд

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки 9-10 август ҳаво дар кишвар тағйрёбанда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати  ҳаво рӯзона  то 4-6 дараҷа  паст мешавад. Ба ғайр аз ВМКБ дар  ноҳияҳои алоҳидаи кишвар шамоли шиддатнокии то 19-24 метр дар як сония  вазида, тӯфони чангу ғуборро ба амал меорад.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, вазиши чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 36+38  дараҷа гарм мешавад.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  гармии  ҳаво шабона 7+12 ва  рӯзона ба 16+21  дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқу тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо шабона гармии ҳаво  19+24 ва рӯзона ба 32+47 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар  вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0