Сейсмография, архивное фото

Савумин заминларза давоми ҳамагӣ чанд рӯз дар Тоҷикистон

373
(Таҷдидшуда 14:40 10.08.2019)
Дар Тоҷикистон боз як заминҷунбии дигар рух дод, ки давоми чанд рӯзи охир ин аллакай маротибаи саввум мешавад, ки зилзила ин минтақаро такон медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Имрӯз соати 11:43 дақиқаи  ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ  додааст хабаргузории АМИТ "Ховар" дар истинод ба президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. 

Бар хабари манбаъ, маркази заминҷунбӣ Афғонистон, дар километри 265-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе мебошад.

Тоҷикистонро заминларзаи 4,3 баллӣ такон дод

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 3,4 балл, дар Душанбе 3 балл ва дар Роғун 3 баллро ташкил дод.

"Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд", - зикр намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки се рӯз пеш заминларзаи 5,1 баллӣ дар шимолу шарқи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Маркази заминҷунбӣ 44 километр дуртар аз пойтахти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод, ки ин ҷо беш аз 44 ҳазор кас зиндагӣ дорад, воқеъ будааст.

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Заминларза, ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки 30 километр шарқтар аз маркази заминҷунбӣ воқеъ аст, эҳсос шуда буд.

Маркази заминларза дар чуқурии 212 километр ҷойгир будааст.

373
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Экономический рост, архивное фото

Иқтисоддонҳо мегӯянд ММД Тоҷикистон дар соли оянд 7% рушд мекунад, агар...

4
Вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон вазъеро номбар кард, ки афзоиши ММД-и кишварро дар соли 2021 беш аз 7% таъмин карда метавонад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 ҳадди аққал 7% пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Авеста бо такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Ин ниҳод  иҷрои пешбинии хушбинонаро  танҳо бо иҷрои як шарт имконпазир медонад.

Ба гуфтаи вазорат, афзоиши ММД дар Тоҷикистон аз 7% хоҳад гузашт, танҳо агар мавҷи дуввуми коронавирус вуҷуд надошта бошад.

"Баъзе ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ пешгӯии хушбинона пешкаш мекунанд. Дар сурати мӯътадил шудани вазъ, афзоиши ММД-и ҷумҳурӣ то нишондиҳандаҳои оғози пандемия, яъне зиёда аз 7% таъмин карда мешавад", - гуфтааст вазорат.

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

Ҳамзамон, коршиносон бар он назаранд, ки ба ғайр аз вазъи пандемия, бояд ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, воридшавии сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва кори корхонаҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завки Завкизода гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 афзоиши ММД 3,5% буд.

Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

Ҳамзамон, тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2020 ММД-и Тоҷикистон то 2% коҳиш хоҳад ёфт ва дар соли 2021 афзоиши он ба 3,7% дар назар аст.

4
Доллары США, архивное фото

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

23
(Таҷдидшуда 14:31 06.08.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2021 аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 тасдиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар заминаи пандемияи коронавирус таҳия хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Вазорат қайд кард, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар асоси натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2022-2023 таҳия карда мешаванд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Вазорати молия, моддаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 бояд 29,7% ва 29% ММД-ро ташкил диҳанд.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст

Ҳамзамон, дар робита ба пандемия аз коронавирус, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ихтисор карда шуд.

23