Дар Тоҷикистон макони "Ғизои солим" - ро муайян карданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с фруктами и овощами
Прилавок с фруктами и овощами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон озмуни "Ғизои солим ба хотири насли солим" баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар чорчӯби таҷлили Даҳаи кӯмак ва дастгирии синамаконӣ, ки имсол таҳти шиори "Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизои табиӣ (синамаконӣ) имконият фароҳам намоед", аз 1 то 10 августи соли равон дар Тоҷикистон баргузор  гардид, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни вилоятии "Ғизои солим ба хотири насли солим" баргузор гардид.

На базаре в г. Пенджикент. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иқдоми нек дар арафаи Рамазон: дар Мастчоҳ ба ниёзмандон ройгон ғизо медиҳанд

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин озмун кормандони тиббии 12 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ширкат карданд.

Озмуни мазкур дар се марҳила доир гардида,  ҳадафи баргузории он омода намудани нақшаҳои ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани фоизи кӯдакони синни то 6 моҳа, ғизогирии шири модар ва баланд бардоштани дониши занону модарон оид ба масъалаи мазкур мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур  лавҳаҳо оид ба таркиб, истифодабарӣ ва тарзи тайёр намудани ғизои солим аз мева, сабзавотҳои ватанӣ омода  гардида, дар макони баргузории чорабинӣ насб карда шуданд.

Ҳамин тавр, тибқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон кормандони тиббии ноҳияи Кӯшониён соҳиби ҷойи аввал, кормандони тибби ноҳияи Ёвон  сазовори ҷои дуюм ноҳияи А. Ҷомӣ сазовори ҷои сеюм гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар чорабинии мазкур ҳамчуни намояндагони  Вазорати тандурустӣ, мақомоти вилояти Хатлон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, кормандони тиббии ноҳияҳои Леваканд, Носири Хусрав, Шаҳритуз,  Қубодиён,  Ҷалолиддини Балхӣ ,  Ҷайҳун, Дӯстӣ , Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ихтиёриён, фаъолони ҷамоатҳои  шаҳру ноҳияҳои мазкур ширкат карда он бо дастгирии ташкилоти  ғайритиҷоратии байналмилалии “ИнтраҲэлс Интернэшнл Инк” гузаронида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0