Праздничный дастархан в Душанбе

Кадом дастархонро ҷарима мекунанд: "рейд" - и идгардак дар Душанбе

1715
Нархи наво, шумораи хешу ақрабо ва тарзи меҳмондорӣ, сарфи назар аз даъват ба каммасрафӣ, ба андозаи дастархони ид асар мегузорад

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Мусулмонони Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил карданд.

Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз Иди Қурбон мусалмононро огоҳ кард, ки барои дастархони бодабдаба 5 ҳазор сомонӣ  (беш аз 500 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Праздничный дастархан в Душанбе
© Sputnik (sputniktj_photo) Амир Исаев
Праздничный дастархан в Душанбе

Иттилоъ дода шуд, ки намояндагони Кумитаи дин, ҷашну маросим ва анъанаи назди Ҳукумат дар рӯзи Иди Қурбон, ба манзилҳои мардум рафта, рейд мегузаронанд.

Sputnik Тоҷикистон ба меҳмонии сокинони шаҳри Душанбе рафта фаҳмид, ки дастархони мардум то чӣ андоза бодабдаба аст ва онҳо дар бораи ҷаримаю рейдҳо чӣ фикр доранд.

Рақобати дастархонороӣ тамом

Чуноне намояндагони Кумитаи дин гуфтанд, дастархони каммасраф бояд танҳо бо меваҳои ватанӣ ва ғизоҳои миллӣ оро дода шуда бошад, на бо меваҳои гарони аз маолики хориҷ овардашуда.

Праздничный дастархан в Душанбе
© Sputnik Амир Исаев
Праздничный дастархан в Душанбе

Вале сокини ноҳияи Сино, Умеда Раҳматова гуфт, ки дар остонаи Иди Қурбон қиммати меваҳои ватанӣ аз меваҳои аз хориҷ овардашуда гаронтар буданд.

"Барои ҳамин ман ҳушёрӣ кардам: меваҳоро ду ҳафта пеш аз ид харидам, дар акси ҳол пулам, ки барои дастархони ид ҷудо карда будам, намерасид. Ман тарбуз ва харбузаро 20 сомонӣ харидаму, шафтолу - 5 сомонӣ, себ 6 сомонӣ барои як кило. Лекин чунин нархи наво танҳо дар бозори "Фаровон" - и назди Саховат буд", - нақл кард соҳибхона.

Ҳамчунин Умеда барои ид, торт, ширинӣ, самбӯса ва шурбо пухтааст. Барои оростани дастархони ид Умеда 500 сомонӣ сарф кардааст. Ба гуфти ӯ ин маблағ қариб 25 дарсади даромади моҳонаи онҳо мебошад.

"Барои ҳамин ба ростӣ, ман шодам, ки Ҳукумати Тоҷикистон чунин иқдомро пеш гирифта анъанаҳои миллиро танзим мекунад. Чун ман ҳам бе хости худ, солҳои пеш, дар ҳамин рақобати дастархонороӣ, ширкат мекардам, бахусус замони келинчак буданам. Агар дастархони бузург намеоростам, ҳамсоя даррав овоза мекарданд, ки пухтупаз карда наметавонад, ҳоло бошад ман даррав мегӯям, мумкин нест "рейд" мегузарад", - мегӯяд бо табассум Умеда.

Гап сари дасткушодӣ

Праздничный дастархан в Душанбе
© Sputnik Амир Исаев
Праздничный дастархан в Душанбе

Вале, Дилноза Каримова, ки дар хонаҳои Қайроқум ба сар мебарад, наметавонад, мисли Умеда дастархони камхарҷ дошта бошад. Ҳамояҳо баҳои худро медиҳанд ва то ин дам ҳеҷ кас аз намояндагони Кумитаи дин дар манзилҳои онҳо санҷиш нагузаронидаанд.

"Се сол мешавад, ки мегӯянд намояндагони Кумитаи дин санҷиш мегузаронанд, вале боре ҳам онҳоро надидем. Мо нашунидаем, ки касеро барои оростани дастархони ид ҷарима карда бошанд", - мегӯяд Дилноза, ки барои дастархони бодабдабаи худ 2000 сомонӣ  (212 доллар) харҷ карааст.

Дар бораи хароҷоти идии худ ин духтар бо ифтихор мегӯяд, чун ба фикри ӯ дастархони бой нишонаи аслии меҳмоннавозии тоҷикон аст.

"Онҳо фикр мекунанд, мо рақобат мекунем, не ин тавр нест. Мо фақат мехоҳем, ки атои Худо (меҳмон - шарҳ аз идора) аз манзилҳои мо розӣ равад. Гап сари дасткушодӣ ҳаст, мефаҳмед? Чун дар як рӯз ба хонаи мо наздики 50 кас меҳмон мешавад, чигуна ман бо дастархони камхарҷ онҳоро меҳмондорӣ мекунам?", - суол мегузорад Дилноза.

Ӯ бовар дорад, ки чунин аъмол бо меҳмонон раво нест. Ба гуфти ӯ ҳамаи ҳамсояҳо бо дастархони бузург онҳоро меҳмондорӣ мекунанд, ӯ ҳам дар ҷавоб дастархони бодабдаба меорояд.

Андозаи дастархон аҳамия надорад

Праздничный дастархан в Душанбе
© Sputnik (sputniktj_photo) Амир Исаев
Праздничный дастархан в Душанбе

Хусури 72-солаи Фирӯза Яфталиева мутаассифона, чанд рӯз пеш даргузашт ва ин Иди Қурбон пас аз даргузашти ӯ нахустин ид аст. Ин маънои онро дорад, ки дар давоми се рӯз ба хонаи Фирӯза, хешу ақрабо, ёру дӯстон в ҳамсояҳо барои дуо гуфтан дар ҳаққи марҳум, меоянд. Ин аъана аст.

"Меҳмонон натанҳо аз Душанбе, балки аз худи Дарвоз, ки зодгоҳамон аст, меоянд. Бовар кунед намешавад дастархони хурд орост. Худатон бинед, андозаи дастархон аҳамият надорад, агар ҳукумат нархи наворо дар бозорҳо назорат мекард, мешуд дастархони бузугро камхарҷ оро дод. Чигуна дар бораи камхарҷии дастархон ҳарф мезананд, агар як тарбузе, ки на аз хориҷ балки аз ноҳияҳо оварда шудааст 50 сомонӣ нарх дорад. Ё чигуна мешавад, шурбои камхарҷ омода кард, агар як кило гӯшт дар бозор 55 сомонӣ нарх дошта бошад?. Дирӯз, як рӯз пеш аз ид бошад, гӯштро 63 сомонӣ фурӯхтанд", - изҳори нигаронӣ мекунад келинчак.

Барои оростани дастархон дар ду ҳуҷра барои мардон ва бонувон, ба Фирӯза хешу ақрабо ёрӣ доданд: яке самбусаву кулча оварду дуюмӣ ширинӣ ва сеюмӣ ҳам меваҷот. Дар акси ҳол ба гуфти Фирӯза "зӯр" - и ӯ ба оростани дастархони ид намерасид.

"Фақат ҳамин тавр ман тавонистам ба хотири хусури марҳумам дастархон ороям. Дар акси ҳол масхара мекарданд. Мо танҳо бар ивази 800 сомонӣ гӯсфанд харидем ба дигараш зӯрамон нарасид", - гила мекунад Фирӯза.

Тоҷикистон зидди дастархони бодабдаба

Праздничный дастархан в Душанбе
Amir Isaev
Праздничный дастархан в Душанбе

Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Аллакай чандин сол мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон мардумро ба сарфакорию оростани дастархони камхарҷ даъват мекунад.

Дар номаи табрикотии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ қайд кард, ки зиёдаравӣ танҳо ба буҷаи оилавӣ зарар меоварад.

Дар баробари ин роҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода қайд кард, ки дар дини Ислом ҷое гуфта нашудааст, ки дастархонро тавре оро диҳед, ки ҷои холие надошта бошад.

Барои оростани дастархони пурдабдаба, ҳукумати кишвар ҷарима ба маблағи 5 000 сомонӣ муқаррар кардааст.

1715
Барчаспҳо:
таҷлил, Душанбе, иди Қурбон, Тоҷикистон
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

350
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

350
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

170
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

170
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия