Женские ноги, архивное фото

Гаронтар: парлумони Тоҷикистон ҷаримаи фоҳишаҳоро 260 доллар муқаррар кард

821
Дар Тоҷикистон ҳамакнун ҷарима барои фоҳишаҳо ду баробар зиёд шуда ба 260 доллари амрикоӣ баробар шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Сар аз авоили моҳи ҷорӣ, тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ахиран аз ҷониби парлумони Тоҷикистон қабул карда шуд, ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ дучанд зиёд шудааст, иттилои медиҳад хабаргузории ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, парлумони Тоҷикистон муайян намудаст, ки минбаъд ҳаҷми ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ аз 1100 то 1650 (қаблан - аз 550 то 1100 сомонӣ) сомониро ташкил медиҳад.

Зану мардро бар ивази 1600 сомонӣ шинос мекард: боздошти зани 21 сола барои даллагӣ

Зимнан гуфта мешавад, ки барои такроран дар давоми як сол пас аз мавриди ҷаримаи маъмурӣ қарор гирифтан  машғул шудан ба ин амал ҳаҷми ҷарима аз 1650 то 2650 сомонӣ (қаблан - аз 1100 то 2200 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод.

ВУД: фоҳишахонаи гуруҳӣ дар Душанбе ошкор шуд

Дар Тоҷикистон шахсоне, ки аз хизматрасониҳои фоҳишаҳо истифода мекунанд, ҷазо дода намешаванд.

Аммо барои ташкил ва нигаҳдории фоҳишахонаҳо маблағи аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардида, ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин нашудааст.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерон - Беҳрузи Маҷидиён, Ашуров Рустам, Ҷалилов Шаҳриёр ва Юсуфҷони Давлатмурод хабар доданд, ки дар паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам мешаванд.

Дар наворе, ки ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ду блогер Беҳрӯзи Шариф, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо тахаллуси “Барон” ва Рустам Ашӯров, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе фоҳишаҳоро дар хиёбонҳои пойтахт савори мошинашон карда, бо онҳо дар бораи нарх ва шеваи хидматрасониҳо суҳбат мекунанд.

821
Барчаспҳо:
ҷарима, Парлумон, Тоҷикистон
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

219
(Таҷдидшуда 19:52 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

219
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине

Изҳори тасаллияти Раҳмон ба Си Ҷинпин ва Синдзё Абэ дар робита ба обхезиҳои ахир

59
(Таҷдидшуда 19:44 07.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ва сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тасаллиятро дар робита ба обхезиҳои ахир дар Чин фиристодааст.

Дар номаи раисиҷумҳур аз ҷумла омадааст: “Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ низ изҳори тасаллият кардааст.

"Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард",-омадааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

59
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

0
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон