Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Дастури Аҳмадзода ба мансабдорон: сохтмони иншоотҳо бояд бо сифати баланд анҷом ёбанд

326
(Таҷдидшуда 12:15 13.08.2019)
Дар машварати кории назди Раиси Суғд, ки дар он мақомот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд, рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят  дар оғози машварат таъкид кард, ки имрўзҳо сокинони вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолият софдилона заҳмат мекашанд.

Вай афзудааст, ки ба истиқболи ин ҷашни миллӣ то соли 2021 беш аз 6500 иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Зимни машварати корӣ мансабдорони вилоят ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун то имрўз 2780 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, ба масъулин ва шахсони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташуда дастур дод, ки иҷроиши нақшаи барномаҳоро назорат карда, барои бо сифати баланд сохтани иншооти ҷашнӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ, рушди моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

326
Барчаспҳо:
иншоот, сохтмон, мансабдорон, дастур, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон

7
(Таҷдидшуда 15:54 27.09.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулини пойтахт дастур додааст, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии ҷидди бигиранд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳр, зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Рустами эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт, дастур додааст, ки дар ҳама соҳаҳо омодагии ҷидди гирифта, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Рустами Эмомалӣ барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ба масъули пойтахт супоришҳо додааст.

Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ,  тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

7
Барчаспҳо:
дастур, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

40
(Таҷдидшуда 16:04 27.09.2020)
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буда, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бесуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидории зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

40
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон