Карон Дарвоз

Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то 16 август боқӣ мемонад

119
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки аз 15 то 16 август дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавошинсии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ бошад ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

119
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, ҳушдори ҳавошиносон, номусоид, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Эрон 70 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон баргардонд

2
(Таҷдидшуда 14:58 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран аз бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, рӯзи  13 август бо парвози фавқулъодаи ширкати ҳавопаймоии Вориш аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии ширкати ҳавоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.

Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.

Ин аввалин маротиба нест, ки Эрон шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон эъзом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.

То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.

Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.

2
Барчаспҳо:
Ватан, бозгашт, сафир, шаҳрванд, Тоҷикистон, Эрон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

27
(Таҷдидшуда 14:47 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

27
Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон