Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото

Таманниёти Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири нави Покистон дар Тоҷикистон

51
(Таҷдидшуда 14:30 16.08.2019)
Сафири нави Покистон дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино аб иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Покистон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.

Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд

Встреча посла Пакистана с министром иностранных дел Таджикистана
Встреча посла Пакистана с министром иностранных дел Таджикистана

Ёдрас мешавем, ки 1 июл, сафири нави Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар нусхаи эътимодномаи худро ба Хусрав Нозирӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Нахустин бор, 6 июни соли 1992 байни Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 1993 Покистон дар Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

23 феврали соли 2005 Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд.

Моҳи марти соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Соли 1997 Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Покистон кушода шуд.

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон

Дар давоми 21 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар тақрибан 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Пул бисёр мешавад: бонкҳои Тоҷикистону Покистон ҳамкорӣ мекунанд

51
Барчаспҳо:
Душанбе, Сироҷиддин Аслов, дидор, сафир, мулоқот, Покистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Нахустин сафари намояндагони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон ба Покистон сурат гирифт
Коршинос бартарияти интиқоли нерӯи барқ аз Покистон ба Тоҷикистонро шарҳ дод
Сафири нави Покистон ба Душанбе омад