Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон ба Суғд рафт: сафари кории раисҷумҳур аз Мастчоҳ оғоз ёфт

1424
(Таҷдидшуда 13:31 20.08.2019)
Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишварро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба сафар баромад

“Ин ноҳия давоми беш аз 20 сол аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пешравиҳои зиёд дорад”, - зикр намудаст манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳалӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.

1424
Барчаспҳо:
Суғд, Мастчоҳ, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)

Тавсифи Зеленский аз Раҳмон: сазоворед

80
(Таҷдидшуда 19:04 22.10.2020)
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тавре котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, раисҷумҳури Украина кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфта, ба Эмомалӣ Раҳмон муваффақият таманно кардааст ва ӯро чун роҳбари сазовор ба боварии мардуми Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-  таъкид кардааст вай.

Раисҷумҳури Украина афзудааст, "аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям".

Зеленский изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд, муносибатҳои Тоҷикистону Украина ба сатҳи нав мебароянд.

Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

"Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам", - гуфтааст дар анҷом вай.

Ба иттилои котиботи президент ҳамчунин аз номи резиденти Венгрия Янош Адер ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсона ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

80
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

129
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимна ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

129
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон