Эмомали Рахмон открыл парк культур и отдыха, государственный символ и флаг в Ховалинском районе

Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

729
Имрӯз зимни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави додгоҳи ноҳия, бинои КДАМ дар ноҳияи ва бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ифтитҳ кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ субҳи имрӯз бинои нави додгоҳи ноҳияро ифтитоҳ кард.  

Бинои додгоҳ бо назардошти беҳтар сохтани шароити корӣ барои кормандон сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи бинои нав Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти даъват кард, ки барои фаъолияти поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат ҳидоят намоянд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси нақшаи генералӣ дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии аҳолӣ биноҳои наву замонавӣ ба истифода супорида шудааст.

Инчунин, Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди ифтитоҳ намуд.

Бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохта шуда аст.

“Баъди ба истифода додани бинои нави КДАМ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон  шароити мусоиди корӣ  ва истиқомат фароҳам оварда шудааст”, таъкид намуд манбаъ.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дод.

Ба роҳбарик кишвар зимни ифтитоҳи иншооти мазкур маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ — утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон аз воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, диданд кард.

729
Барчаспҳо:
ифтитоҳи иншооти нав, сафари корӣ, Мастчоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, туҳфа, мошин, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Медицинские работники в инфекционной больнице

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

80
(Таҷдидшуда 20:22 26.11.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус мавориди фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12044 нафар баробар гардид.

Манбаъ ҳамзамон аз шифоёбии 42 нафар пас аз табобат гирифтан хабар медиҳад. Ҳоло теъдоди умумии шифоёфтагон аз коронаиврус ба 11 437 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, вазорати мазкур аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

80
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

750
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

750
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

44
(Таҷдидшуда 21:06 26.11.2020)
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

44
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон