Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

"Пикасо" ва "Алладин": Раҳмон дар Мастчоҳ бо ҷараёни нашъунамои картошка ошно шуд

134
(Таҷдидшуда 19:32 20.08.2019)
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" бо фаъолияти кишоварзон ошно шуда, аз ҷараёни нашъунамои картошка дидан намуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка дар деҳаи "Роғ" Президентмасъулони ноҳиявию ҷумҳуриявиро вазифадор кардааст, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол аз сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии "Роғ"-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 124,2 гектар баробар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд.

Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош карда, дар парвариш ва захираи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз роҳу услуҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд.

Феълан дар хоҷагии деҳқонии "Роғ" навъҳои гуногуни картошка, аз қабили "Тоҷикистон", "Бик Роза", "Алладин", "Пикасо" ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки соли гузашта кишоварзони хоҷагии деҳқонии "Роғ" аз ҳар гектар замин аз 250 то 300-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда буданд. Имсол вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво дурнамои ҳосил аз ҳар гектар то 350- сентнерӣ аст.

Деҳқонон барои нигаҳдории картошка аз чағора-анбори зеризаминӣ истифода мебаранд. Танҳо дар хоҷагии деҳқонии "Роғ"-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 205 адад чунин анборҳои зеризаминӣ мавҷуд буда, ғунҷоиши ҳар яке аз онҳо аз 8 то 25 тоннаро дар бар мегирад.

Мувофиқи иттилои мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чунин анборҳои зеризаминӣ имкон медиҳанд, ки картошка дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, тару тоза ва босифат ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда шавад.

134
Барчаспҳо:
намоишгоҳ, картошкапарварӣ, Мастчоҳ, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Раиси вилояти Хатлон ба аёдати маъб рафт

Раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби худ ба маъюби 26-сола панҷ ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод

29
(Таҷдидшуда 02:53 06.07.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, Хуҷамурод, ки сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аст ва ӯ 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи Хуҷамурод бомаром идома дошта, аллакай марҳилаи бомпӯши хона ҷараён дорад.

“Давлат ҳеҷ гоҳ афроди имконияти ҷисмоиашон маҳдуд, ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод Хуҷаев раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз мулоқот бо Хуҷамурод ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тақдим намуд.

Вай ҳамчунин ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки сохтмони манзили зисти Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

29
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, маъюб, Хатлон, Тоҷикистон
День 6 июль

Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

32
(Таҷдидшуда 20:33 05.07.2020)
Рӯзи шашуми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия дониста мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Қазоқистон аз Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.

День 5 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.

Соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи  воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ" ба имзо расид.

Соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи "Credit Lyonnais" ба истифода дода шуд.

Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2004 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.

 

Принц Карим Ага-Хан IV
© Sputnik / Максим Богодвид
Принц Карим Ага-Хан IV

 

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

 

Президент Казахстана Нурсултал Назарбаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Казахстана Нурсултал Назарбаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.

6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии "Маркази байналмилалии молиявии Остона" иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 июл

  • Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.
  • Дар Лесото – Рӯзи оила.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.

Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1905-1976) - ходими давлатӣ Муҳаммадалӣ Қурбонов.

Соли 1953 – рӯзноманигор Давлат Султонов.

Соли 1953 – олим, муҳандис Кудратулло Мираков.

32
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон