Эмомали Рахмон открыл дорогу и детский сад в районе Деваштич

Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

595
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, баъд аз истиқболи сокинони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди аз шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштичро пас аз мумфаршкунӣ ба истифода дод.

Путин ва Раҳмон дар Русия дидор хоҳанд кард

Роҳи мазкур 17 километрро ташкил дода, пас аз навсозӣ ба истифода дода шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, роҳи мошингарди Хуштоҳир — Яхтани шаҳраки Ғончӣ дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардида,  дар рӯзҳои истиқбол аз 30 — солагии Истиқлолият ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон  барои сокинони ноҳия мебошад.

Амри Эмомалӣ Раҳмон: дар Тоҷикистон ду ҷашни нав эълом шуд

Манбаъ таъкид намудааст, ки қитъаи роҳ, ки  маркази ноҳияи Деваштичро ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мепайвандад, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамзамон дар маҳаллаҳои аҳолинишини он бо насби сутунпояҳо чароғон карда шуда, роҳҳои пиёдагард ба масофаи 2,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

“Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд”, - афзуд манбаъ.

Инчқнин манбаъ зикр намудааст, ки ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли равон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ҳудуди  ноҳия зиёда аз 170 километр роҳҳо таъмиру тармим гардида, корҳои навсозӣ дар ин  самт идома доранд.

595
Барчаспҳо:
Суғд, роҳи мошингард, ифтитоҳи роҳ, сафари корӣ, Деваштич, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

57
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

57
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон
Спикер верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали в Москве

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

1378
(Таҷдидшуда 22:45 24.11.2020)
Раиси шаҳри Душанбе дар дидор бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия аҳамияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дорад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни сафари расмӣ ба шаҳри Маскав бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Зимни дидор Рустам Эмомалӣ таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дустона ва шарикии Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми самтҳо мунтазам рушд доранд.  

“Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия ҷанбаи муҳими рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.  

Вай инчунин дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар таъкид дошт дошт.

“Тамоси доимии байнипарлумонӣ миёни кишварҳо заминаи тамоми ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳад бо як дигар бештар дидор кунем ва масоили муҳиму мубрамро  баррасӣ намоем ва ба масоили гуногун табодули назар намоем”, - қайд кард Раиси шаҳри Душанбе.

Рустам Эмомалӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора кард.

Вай гуфт, барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷуд дорад.  

“Имрӯз Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубро ба роҳ монданд, аз ҷумла ду кишвар дар соҳаи сиёсӣ, тиҷорӣ, гуманетарӣ, низомӣ, низомӣ-техники ва ғайра ҳамкории зич доранд”, - қайд кард шаҳрдори Душанбе.

Вай махсусан зикр кард, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия дар нуҳ моҳи соли равон ба 723 миллион доллар расидааст.

Шаҳрдор илова кард, ки Русия сармоягузори муҳими Тоҷикистон аст.

Аммо Рустами Эмомалӣ аз истифода набурдани имкониятҳои иқтисодии ду кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт имкониятҳои сармоягузории мустақими Русия ба иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ҷававобгӯ нест ва имконятҳои иқтисодии ду кишвар ба андозаи кофӣ истифода намешавад.

Рустам Эмомалӣ афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 80 минтақаи Русия ҳамкории иқтисодӣ дорад.

Вай гуфт, афзоиши гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон маҳз ба рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Русия вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон Рустам Эмомалӣ аз вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ёддошт шуд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозори меҳнатӣ Русия ҳавасманд мебошанд.

“Хадамотҳои дахлдори ду кишвар бояд корҳоро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон идома диҳанд. Мо хоҳони қоидаҳои муносиб барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳастем. Аз ҷумла дар масъалаи содашудани сабти иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон”, - таъкид дошт Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе. 

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

1378
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Матвиенко, дидор, Маскав, сафар, Душанбе, раиси шаҳр, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон