Флаги государств СНГ

Сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ озими Душанбе шуданд

105
Ҳайатҳои ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон озими Душанбе шуданд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Душанбе имрӯз ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ шурӯъ ба кор намуд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ, ҷаласаи мазкур то 24- уми август идома меёбад ва дар ҳамоиши мазкур роҳбарони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон иштирок мекунанд.

Путин ва Раҳмон метавонанд дар размоиши бузурги низомӣ "Марказ-2019" иштирок намоянд

Гуфта мешавад, сардорони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсуд дар ҷараёни ҷаласа масъалаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, инчунин ташкили низомҳои муштараки низомӣ мавриди баҳсу баррас ӣ қарор медиҳанд.

Зимнан, қайд гардид, ки зимни сафари корӣ Сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ аз "Кохи Наврӯз", "Боғи Ирам" ва Осорхонаи миллӣ боздид мекунанд.

Бижев: Русия ба Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ фаъолона кумак мекард

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Душанбе Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии Вазорати умури хориҷаи кишварҳои ИДМ баргузор шуда буд.

105
Барчаспҳо:
ИДМ, ҷаласа, Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

196
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

196
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Команда Истиклол

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

40
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ бо тими "Хатлон" бозиро мусовӣ 1:1анҷом дод.

Нимҳимоятгари "Хатлон" Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба голи задаи бозингари "Файзканд”"Наврӯз Рӯстамов, футболбозони "Куктош" бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими "Истаравшан"-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. "Хуҷанд" бар дастаи "Душанбе-83" ва "Истиқлол" бар тими "Локомотив-Помир" бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.

Дар ҷадвали чемпионат "Истиқлол" бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм "Хуҷанд" бо 19 хол, дар ҷои сеюм "Хатлон" бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

40
Барчаспҳо:
пирӯз, "Истиқлол", футбол