Дождь, архивное фото

Борони деринтизор: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

721
(Таҷдидшуда 10:02 23.08.2019)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 15+20  дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар", аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона    19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17  ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

721
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, гармӣ, ҳаво, Хатлон, Хатлон, Суғд, ВМКБ, Тоҷикистон
Открытие границы между Киргизией и Казахстаном

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат доданд вориди Қирғизистон шаванд

1134
Тибқи қарори Ҳукумати Қирғизистон акнун шаҳрвандони тамоми кишварҳо имкони вуруд ба ин кишварро тариқи ҳавопаймо дастрас карданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Қирғизистон маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба ҷумҳурриро, ки ба сабаби пандемияи вируси корона ҷорӣ карда буд, аз байн бурд, иттилоъ додааст  дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Қирғихистон.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ба вориди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандиро, ки тариқи фурудгоҳи байналмилалии Манас, Ош, Иссиқ -кул сурат мегирад, иҷозат диҳад.

Қаблан ворид шудан ба Қирғизистон маҳдуд шуда буд. Қаблан ба ин кишвар танҳо шаҳрвандони 33 кишвар имкони вуруд доштанд. Тоҷикистон дар ин феҳрист набуд.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон таъкид намудааст, ки вуруд ба кишвар танҳо дар сурати ироаи санад дар бораи сирояти коронавирус имконпазир мешавад. ин санад бояд на камтар аз 72 соат пеш гирифта шуда бошад.

Инчунин, нозирони байналмилалӣ, ки дар интихоботи Президентӣ ва порлумонӣ дар соли 2021 ширкат хоҳанд кард имкони вуруд ба Қирғизистонро низ гирифтанд.   

1134
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, вируси корона, шаҳрвандон, вуруд, Тоҷикистон, Қирғизистон
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

159
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

159
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Девушка держит в руках флаг Китая

Парчами Чин рӯи кураи моҳ

0
(Таҷдидшуда 19:30 05.12.2020)
Чин ба унвони дувумин кишвари ҷаҳон ва ҳудуди 50 сол баъд аз Амрико, парчами худро рӯи кураи моҳ ба замин зад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Созмони Миллии Фазоии Чин (CNSA) рӯзи шанбе тасовире мунташир кард, ки нишон медиҳад, парчами ин кишвар тавассути ковушгари “Chang'e 5”, рӯи кураи моҳ насб шудааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Синхуа.

Чин ин фазопаймои бидуни сарнишинро бо ин ҳадаф партоб карда, ки намунае аз сангҳои моҳро ба замин мунтақил кунад.

Ин аввалин талоши як кишвар барои овардани намуна аз моҳ аз даҳаи 1970 то кунун аст.

Ин ковушгар ба зуддӣ амалиёти ҳаффории худро оғоз мекунад ва агар ҳама чиз бо муваффақият пеш равад, авохири моҳи ҷорӣ намунаҳоро ба замин хоҳад овард.

Мутахассисон мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи моҳ, ки ин ковушгар ҷамъоварӣ мекунад, барои ошноӣ бо таърихи хоки кураи моҳ ва ҳатто фаъолиятҳои офтоб кумаки зиёде хоҳад кард.

0
Барчаспҳо:
Амрико, моҳ, парчам, Чин