Интиқоди Шарофзода аз Прокуратураи шаҳри Хоруғ ва ситоиш аз мактаби Оқохон

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи забон мегӯяд дар шаҳри Хоруғ дар аксари навиштаҷот бо забони давлатӣ иштибоҳоти услубию имлоӣ ба назар мерасанд ва истифода аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ қатъиян манъ аст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Дар шаҳри Хоруғ, мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Гавҳар Шарофзода бо кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, САҲШ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ "Ховар" аз Бадахшон хабар медиҳад.

"Имрӯз таъсири раванди ҷаҳонишавиро на танҳо дар шаҳрҳои нисбатан калон, балки дар деҳоти дурафтодаи мамлакат низ мушоҳида кардан мумкин аст. Донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар кору рӯзгор хуб аст, аммо суиистифода аз он манфиатҳои миллиро зери хатар мегузорад. Зеро забони давлатӣ яке аз пояҳои асосии мавҷудияти ҳар як миллат буда, ҳифзи фарҳанг, расму суннат, таъриху адабиёт маҳз аз забони давлатӣ маншаъ мегирад. Аз ин рӯ дар татбиқи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" аз хурд то бузург масъул мебошанд ва ба ин қонун бояд эҳтиром гузоранд",-изҳор дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ.

Гавхар Шарофзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарофзода дар барои мансабдороне, ки ба забони "тоҷикӣ" суҳбат карда наметавонанд

Гуфта мешавад, ки мутаассифона, ҳангоми боздиди гурӯҳи корӣ аз бозори марказии шаҳри Хоруғ маълум гардид, ки на ҳамаи шаҳрвандон  моҳияти қонуни мазкурро дарк намудаанд.

Шарофзода гуфтааст, ки бештари қаҳвахонаву тарабхонаҳо, марказҳои тиҷоратӣ, дӯконҳо бо забонҳои англисию  русӣ ва забонҳои маҳаллӣ номгузорӣ шудаанд, ки хилофи муқаррароти Қонун "Дар бораи забони давлатӣ" мебошад.

"Дар аксари навиштаҷот бо забони давлатӣ иштибоҳоти услубию имлоӣ ба назар мерасанд. Истифода аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ қатъиян манъ мебошад. Зеро агар ҳар як минтақа бо лаҳҷаи худ суҳбат кунаду корхона ва ё муассисаи худро бо лаҳҷаи маҳали худ номгузорӣ кунад, пас забони адабии тоҷикӣ, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, комилан коста мегардад", - омадааст дар хабарнома.

Кумитаи забон: Мурсал, Бибиҳамрохон, Охун ва Амелия "тоҷик" нестанд

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  ба фаъолияти ниҳодҳои назоратӣ, бахусус прокуратураи шаҳри Хоруғ дар мавриди истифодаи забони давлатӣ баҳои ғайриқаноатбахш дода, аз онҳо даъват намуд, ки дар зудтарин фурсат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Рафи китобмонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номнома ё “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мунташир шуд

Дар ин мулоқот аз фаъолияти Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ ва Литсеи Оқохон дар самти риояи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" изҳори қаноатмандӣ гардид. Гуфта шуд, ки дигар муассисаҳои таълимӣ ва идораву корхонаҳои давлатию хусусии вилоят бояд аз таҷрибаи муассисаҳои номбурда баҳра бардошта, дар рушду тавсеаи  забони давлатӣ нақши бештар гузоранд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Арамбегим Маҳтобшозода гуфт, ки гурӯҳи корӣ чанд намуна аз китобҳои "Фарҳанги номҳои миллӣ", "Феҳристи номҳои миллӣ", "Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ" ва амсоли инҳоро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим намудааст.

Лентаи хабарҳо
0