ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори суханронии Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи падараш нашр намуда, дар гӯшаи навор акси падари президентро низ намоиш дод.
“Падарам деҳқон буданд, дар ҷодаи мактаб хондан, илм омӯхтан, дар зиндагӣ ҳатто дар давлатдорӣ бисёр кумаку дастгирӣ мекарданд”, - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ афзуд, вақте падару модар ҳаст ба хизматашон, ба қадрашон, манзалаташон намерасем.
“Салом мегӯему медароем, хонаи хобамон, пеши келин. Намепурсем, падарҷон, чӣ хурдӣ имрӯз, аҳволат чӣ хел, саломатият чӣ хел? Ё модарҷон. Ё дасту пояшро сила кунем, дар паҳлӯяш шинем, суханҳояшро гӯш кунем. Зиндагӣ, Худо ҳаст кардаст, аз роҳи охират ҳам касе гурехтан наметавонад. Падару модар дар зиндагӣ ғаниматанд, ҳар касе дорад, давлати бузург аст”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон вақте фарзанд дуои неки падару модарро дорад, Каъба рафтан ҳам зарур нест ва далел овард, ки вақте суол мешавад, куҷо меравед, бисёриҳо мегӯянд, як қиблагоҳро хабар гирам.
“Қиблагоҳ падарро мегӯянд. Ҳар инсони муъмину мусалмоне, ки иззату эҳтироми падару модари худро кунад, хизмати падару модари худро кунад, дуои неки падару модари худро гирад, на ҳаҷҷи Каъба даркор, на ҳеч чӣ. Қиблагоҳ мегӯем, қибла ҳамон Каъба аст. Қибла дар хона”, - таъкид намуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Падари Эмомалӣ Раҳмон – Шариф Раҳмон мебошад, ки соли 1992 пеш аз ба мақоми роҳбари давлат расидани писараш даргузаштааст.
ДУШАНБЕ, 26 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1531 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7329 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1489 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1500
0,1530 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1500 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.
Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
Соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри урупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд.
Соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд.
Соли 2009 дар пойтахти Белорус- шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Талдиқӯрғони Қазоқистон оташи Бозиҳои VII зимистонаи Осиё ба маърази ом гузошта шуд.
Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.
Соли 2012 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи "20-солагии Истиқлолият", воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд.
Соли 2017 дар шаҳри Ишқобод ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири вақти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳолати вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дод.
Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Гурез Абураҳмонов (1915 – 1974) – сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Наримон Бақозода (1935 – 2009) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Одили Икром (1960)- шоири узбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим (аз тоҷикӣ ба узбекӣ).
Ҳошим Назаров (1909 – 1983) – мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Бурҳон Неъматов (1960)- сароянда.
Саъдулло Неъматов (1950) – доктори илми педагогӣ, профессор.
Исохон Саидаминов (1962) – доктори илми техникӣ, профессор.
Дилшод Сайфиддинов (1984) – варзишгар, чемпиони ҷаҳон оид ба гурзпартоӣ.
Рамазон Сафаров (1936 – 2008) – Рассоми халқии Тоҷикистон.
Аҳмадҷон Шерназаров (1937 – 2008) –иқтисоддон, профессор.
Сурайё Шукурова (1957) – доктори илми тиб, профессор.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Интихоботи навбатии президентӣ дар Узбакистон дар назар аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
"Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад",-менависад, агентӣ.
Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.
Бояд қайд кард, ки дар Узбакистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.
Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд
4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Мирзиёев, ки сарвазир буд, пирӯз шуд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.
Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекунад, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.