Завод “Талко-Крантас”

Ширкати “ТАЛКО Голд” оид ба истеҳсоли сурма дар шимоли Тоҷикистон калонтарин дар Осиёи Миёна аст

137
Маҷмааи истеҳсолии “Талко Голд” метавонад калонтарин ширкат оид ба истеҳсоли сурма дар Осиёи Миёна шавад

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ширкати истеҳсолии “ТАЛКО Голд” дар шимоли Тоҷикистон мувофиқи нақша дар моҳи марти соли оянда бояд ба кор андохта шавад, қайд кардааст, роҳбари Депортаменти иттилоотии ширкати ТАЛКО Игор Сатторов. 

Вай изҳор доштааст, ки ҳаҷми умумии срмоягузории “ТАЛКО Голд” 200 миллион долларро ташкил мекунад.

Маҷмааи истеҳсолии “ТАЛКО Голд” дар шимоли Тоҷикистон, дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Тахмин меравад, ки ин ширкат калонтарин заводи истеҳсолкунандаи сурма дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ баъди ба истифода додани ширкат истеҳсоли тилло дар он 2,2 тон, сурма 15 ҳазор тон ва симоб 6 ҳазор тонро ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду — се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт.

Солҳои охир ҳаҷми истихроҷу коркарди сурма боз ҳам афзудааст.

Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад.

Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳандаҳо бо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд.

Бинобар ин, роҳбарияти корхона, хусусан ҷониби Хитойро, ки масъули лоиҳакашӣ ва воридкунандаи технология мебошанд, зарур аст, ки хатти технологиро на танҳо барои унсурҳои асосӣ, яъне тиллову сурма, балки барои унсурҳои ҳамроҳ — нуқра, симоб ва флюорит низ ҳатман ба назар гиранд.

137
Барчаспҳо:
ҶСП "Талко Голд", дар ҷустуҷӯи сурма, тилло, Айнӣ, Чин, Тоҷикистон