Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото

Генерал дар Хуҷанд ҳавзи шиноварии муоссирро ифтитоҳ кард

275
(Таҷдидшуда 12:13 27.08.2019)
Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, сохтмони маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин соли 2018 оғоз гардида буд ва дар муддати кутоҳ ба анҷом расонида шуд.

Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии Мақомоти шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии он ҶДММ “ИС №5” мебошад. Иншоот бо харҷи 7 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарурӣ бунёд карда шудааст.

“Бино дорои ду ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиши каратедо чундокан мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки иншоти мазкур дуюмин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст ва ҳарорати он дар фасли сармо бо се намуди гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.

275
Барчаспҳо:
шиноварӣ, ҳавз, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон