Осмони беғубор: обуҳавошиносон ҳавои камабру беборишро пешгӯӣ карданд

CC0 / pexels / Горный туризм, архивное фото
Горный туризм, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки имрӯз дар кишвар ҳаво камабру бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 33-38 дараҷа мерасад.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обувасанҷии Тоҷикистон, имрӯз обу ҳавои пойтахти кишвар камабру бебориш мешавад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 34+36  дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳавои вилояти Суғд  ҳам камабру бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва   рӯзона    23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0