Мельница

Ҳушдори обуҳавошиносон: дар баъзе минтақаҳо шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст

116
(Таҷдидшуда 09:05 30.08.2019)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаааст, ки аз 30 август то 2 сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, имкон дорад шамоли сахт, тўфони чангу ғубор сар занад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази обуҳашиносии Тоҷикистон дар  аз 30 август то 2 сентябр дар ноҳияҳои алоҳида, шамол вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ тўфони чангу ғубор ба амал меояд.

Тавре манбаъ қайд намудааст пастшавии ҳарорати ҳаво рўзона дар ноҳияҳо то 6-8 дараҷа дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво низ камабру бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Обу ҳавои вилояти Суғд  тағйирёбандаву бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона    20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад.

116
Барчаспҳо:
ҳушдор, Маркази обу ҳавошиносӣ, борону чангу ғубор, шамоли сахт, обу ҳаво, Тоҷикистон