Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали

Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ дар Душанбе литсейи нав ифтитоҳ кард

590
(Таҷдидшуда 10:27 30.08.2019)
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ҳамроҳ бо раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави таҳсил дар ин муассиса шинос шуда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дод.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Иншооти нав дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд карда шуда аст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ 30 майи соли 2018 оғоз гардида буд.

Иншооти мазкур дар рӯзҳои таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониши 2019-2020 бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.

Пас аз ифтитоҳи иншоот Президент Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои он бо хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, онҳоро ба 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Соли нави хониши 2019-2020 табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ гуфт, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва муҳайё намудани имконоти муосири илмомӯзии насли навраси кишвар имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

590
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, литсей, раиси шаҳри Душанбе, Раисҷумҳур, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)