Горы в Таджикистане в доль реки

Корхонаи хурди водии Бартанг дар як шабонарӯз 150 тонна маҳсулот истеҳсол мекунад

354
(Таҷдидшуда 17:22 30.08.2019)
Дар корхонаи мазкур 16 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, давоми як шабонарӯз то 150 тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Як гурӯҳ ҷавонони деҳаи Емси водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади коркарди сангу рег ва қум  Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Рундара" таъсис доданд.

Ин корхона дар муддати кӯтоҳ мизоҷони зиёдеро дар маркази ноҳия, вилоят ва шаҳри Хоруғ пайдо намуд.

Сардори ҷамъияти мазкур Адиб Қадамшоев мегӯяд, корхона ҳоло ба истеҳсоли сафолакҳои гуногуншакл барои кӯчаву хиёбонҳо ва майдони назди биноҳо машғул аст.

Бақайдгирии "молу амволи" мардуми Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт

Ба гуфтаи ӯ қаблан дар корхона ҳамагӣ 8 нафар кор мекарданд, аммо баъди  васлу насби  таҷҳизоти нави техникӣ, ки аз  Чин бо нархи  200 ҳазор сомонӣ дастрас гардид, шумораи коргаронро ба 16 нафар расониданд.

Зимнан гуфта мешавад, корхонаи мазкур  5 намуди хишт ва тахтасангҳо аз  санги мармари сафед истеҳсол мекунад. Дар як шабонарӯз дар ин корхона то 150 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Қадамшоев илова намуд, ки чанде қалб  маҳсулоти корхона дар бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ба намоиш гузошта шуд ва таваҷҷуҳи тоҷирони кишвари ҳамсояи Афғонистонро ба худ ҷалб намуд.

Фелалиев, вакил аз Хоруғ дар бораи вазъи ВМКБ, ҷинояткорӣ, корхонаҳо ва мақсади Ҳукумат

Аз ин рӯ дар назар аст ояндаи наздик ҳамкории васеъ бо соҳибкорони Бадахшони Афғонистон ба роҳ  гузошта шавад, илова намуд сардори ҷамъияти мазкур. 

354
Барчаспҳо:
корхона, Бадахшон