Раҳмон ба табибон: кӯдаконро сари вақт муолиҷа кунед

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” зикр кард

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тибқи итттилои котиботи раисиҷумҳур, беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кудакон муҷаҳҳаз карда шудааст..

Мэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур ва раиси Душанбе дар ноҳияи Сино бинои иловагии мактаби 50-ро ифтитоҳ карданд

Бинои то имрӯз амалкунандаи беморхона соли 1939 бунёд гардидааст ва дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст.

Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне дар зарфи 56 сол ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад.

Ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ шудааст, вале бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш хеле фарсудаву куҳна гардидааст.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити фаъолияти табибон, ба роҳ мондани усулҳои муосири табобат ва таъминоти муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ зарурати бунёди бинои нави беморхона ба миён омад, зеро табобати бемориҳои сироятӣ, хусусан, дар байни кӯдакон шароиту таҷҳизот ва таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхона, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ кардааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон, зимни ошноӣ дар иншооти мазкур, бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ, суҳбати озоду самимӣ доир намудааст.

"Президент табибонро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳои хизматӣ, хизматрасонии сатҳи баландӣ тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои кӯдакон, ҳидоят намуда, дастуру супоришҳои мушахас доданд", омадааст дар хабарнома.

Сохтмони беморхонаи мазкур сентябри соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 аз ҷониби бинокорони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0