Осмони беабру ҳавои гарм: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносон имрӯз ҳавои тағйирёбандаву бебориш пешгӯӣ намуда, таъкид доштанд, ки гармӣ дар Тоҷикистон ба 36 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 31+33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 31+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+31 дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавошиносон  ҳавои тағйирёбандаву беборишро пешгӯӣ карданд.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд бошад ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабру  бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0