Борону раъду барқ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок хоҳад шуд

132
Имрӯз обу ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаву абрнок хоҳад буд. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад борони кӯтоҳмуддат борад ва раъду барқ ба амал ояд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 30+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16  ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаву бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол тавре манбаъ хабар додааст дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

132
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Душанбе, абрнок, раъду барқ, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон
Аэропорт в Аэропорт в горах Хорога, архивное фото

Дастури Раҳмонзода барои таъмири фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

49
(Таҷдидшуда 11:54 15.07.2020)
Бо дастури ёрдамчии Президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба таъмир фаро гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раҳмонзода қарор доранд, ки аз ҷараёни омодагии вилоят ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дидан мекунанд.

Бар хабари котиботи раиси шаҳри Хоруғ, ҳайати корӣ нахуст аз фурудгоҳи ҳавоии маркази вилоят дидан намуданд ва Раҳмонзода дастур дод, то фурудгоҳ ба таъмир фаро гирифта шавад.

Гуфта мешавад, дар асоси супориши ёрдамчии Президент, қисматҳои харобгаштаи фурудгоҳ асфалтпӯш мешаванд ва инчунин аломату панҷараҳо низ аз нав рангубор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки авохири моҳи гузашта нахустин парвози ҳавопаймо пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба ВМКБ сурат гирифта буд.

Нахустин парвози ҳавопаймо ба Бадахшон пас аз таваққуфи 1 сола: 16 сарнишинро бурд

Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо 16 сарнишин аз шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ нишаст.

Ин нахустин парвоз мебошад, ки бо гузашти як солу чор моҳ анҷом шуда буд.

Ба изҳори халабони ҳавопаймо Шукрихудо Додихудо, бо зиёд шудани мусофирон имкони ҳамарӯза интиқол додани мусофирон аз пойтахт ба ВМКБ мавҷуд аст.

Аммо гарони нархи чипта ба эҳтимоли зиёд теъдоди парвозҳо ба ин вилоятро афзун намекунад.

Зеро нархи чиптаи парвоз аз Душанбе ба ВМКБ 900 сомониро ташкил медиҳад. Ин нарх дар ҳолест, ки давомёбии парвоз на беш аз 1 соату 30 дақиқа тӯл мекашад.

Сокинони ин вилоят пайваста аз гаронии нархи мошину ҳавопаймо изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро масрафи сафар ба Бадахшон ҳам тариқи роҳи заминӣ ва ҳам ҳавоӣ ба фарқ аз вилояти Суғд ниҳоят гарон аст.

49
Барчаспҳо:
таъмир, фурудгоҳ, Хоруғ
Наручники

Авбошии ду ноболиғи 17 - сола: ҳамсолашонро бе асос дашном карда кӯфтанд ва кор заданд

37
(Таҷдидшуда 11:19 15.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ноболиғ хабар медиҳад, ки дар авбошӣ муттаҳам дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ду ноболиғи 17 - соларо дастгир намуданд, ки дар латукӯб ва бо корд ҷароҳат намудани ҳамсоли худ гумонбар дониста мешаванд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сокини 17 - солаи пойтахт ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Ба изҳори номбурда, санаи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа дар кӯчаи Борбад ду ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода, зери лату куб қарор дода, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба пойи ҷабрдидаи ноболиғ задааст.

Маст буд: боздошти Ҷононаи 24 - сола барои латукӯб ва таҳқири ду хоҳар дар Душанбе - навор

Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Манбаъ меафзояд, яке аз ду ноболиғи авбош қаблан ҳам бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

37
Барчаспҳо:
дастгир, ноболиғон, авбошӣ
Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких

Кумаки навбатии Қазоқистон ба Тоҷикистон: дастгоҳҳои нафасдиҳӣ медиҳад

0
Дастгоҳҳои нафсдиҳии сунъӣ, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон медиҳад, дар вилояти Акмола истеҳсол карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад, гуфт муовини вазири тандурустӣ Людмила Бюрабекова дар як брифинги онлайнӣ

Номбурда гуфт, ки таҷҳизоти нафасдиҳӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона то охири сол интиқол дода мешавад.

"Ҳама кишварҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд ва кишвари мо низ ба дигарон кӯмаки башардӯстона мерасонанд. Ҳукумати Қазоқистон дар назар дорад, ки то охири сол кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистонро дар шакли дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ фароҳам орад", гуфт Бюрабекова.

Муовини вазири Қазоқистон гуфт, ки дастгоҳҳо барои интиқоли беморон дар мошини ёрии таъҷилӣ метавон истифода бурд. Таҷҳизот дар вилояти Акмолаи кишвар истеҳсол карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон набуда, моҳҳои апрел ва май маводи озуқа аз қабили орд ёрӣ дод.

0