Дар соҳили Сир бо фармони Аҳмадзода фитнес месозанд

Аҳмадзода ба масъулини Конибодом: як моҳ муҳлат барои ҳалли шикоятҳои сокинон

260
(Таҷдидшуда 10:25 04.09.2019)
Ахиран дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти шаҳр қабули шаҳрвандонро доир намуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят 31 нафар  нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф пазируфта шуданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, мўҳтавои асосии муроҷиати сокинони Конибодом масъалаҳои рўзмарра, аз қабили баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, танқисии оби полезӣ ва нўшокӣ,  мумфаршкунии роҳҳо, кўмаки моддию молиявӣ  ва амсоли ин ташкил медодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳри Конибодом, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳриро муваззаф намуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Аҳмадзода дар наздаш шӯрои нав таъсис дод

“Ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо. Яъне, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем”, - зикр намудааст Раиси вилоят.

Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки 28-уми апрели соли 2018 дар шаҳр аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон доир шуда буд ва 49 нафар бо 61 масъала муроҷиат намуда буданд.

Тибқи иттилои масъулин дар ҳашт моҳи соли равон  ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 98 нафар сокинони шаҳри Конибодом, аз ҷумла 72 нафар хаттӣ ва 26 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки афзоиши муроҷиати сокинон аз он шоҳиди медиҳад, ки дар шаҳр ҳанўз ҳам масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

260
Барчаспҳо:
шикоят, шаҳрвандон, муроҷиат, Конибодом, Суғд, Тоҷикистон